نشرات زنده
فارسی English عربي
127
-
الف
+

Сериале барои ҳамаи наслҳо; «Рӯзе рӯзгоре» ба Айфилм2 меояд

«Рӯзе рӯзгоре» достоне аз тағйир, инсоният ва умед аст, ки бори дигар ба саҳифаи телевизиони Айфилм2 бозмегардад.

Сериали хотираангези «Рӯзе рӯзгоре» аз рӯзи сешанбе, 5 майи 2026, ҳар шаб аз шабакаи Айфилм2 ба нашр мерасад; асаре классикӣ ва машҳур, ки пас аз солҳо бори дигар меҳмони хонаҳои мухотабон хоҳад шуд.

Ин сериал, ки ба нависандагӣ ва коргардонии Амруллоҳ Аҳмадҷӯ дар соли 1992 мелодӣ тавлид ва барои нахустин бор пахш шуд, аз ҳамон замон ҳамчун яке аз мондагортарин сериалҳои таърихи телевизиони Эрон шинохта шудааст. «Рӯзе рӯзгоре» на танҳо як достони саргармкунанда, балки ривояте амиқ аз таҳаввули дарунии инсон ва ҷустуҷӯи маъно дар зиндагӣ аст.

Достони сериал гирди меҳвари шахсияте ба номи «Муродбег» мечархад; роҳзани номдор, ки дар ҷараёни даргирӣ бо гурӯҳи дигар ба раҳбарии «Ҳисомбег», сахт захмӣ мешавад. Дар лаҳзае ки марг ба ӯ наздик аст, зани рустоӣ ба номи «Хола Лайло» ӯро наҷот медиҳад. Ҳамин иттифоқ нуқтаи атфе дар зиндагии Муродбег мешавад ва ӯро вориди масири тозае месозад.

Яке аз нуктаҳои зариф ва барҷаста дар ин сериал, раванди тадриҷӣ ва боварпазири таҳаввули шахсияти Муродбег аст. Ин тағйир ногаҳонӣ ва сатҳӣ нест; балки дар таомул бо зиндагии содаи рустоӣ, кор, меҳр ва эътимоди мардум, ба гунаи марҳила ба марҳила шакл мегирад. Ҳамин ривояти дақиқ сабаб шудааст то «Рӯзе рӯзгоре» фаротар аз як достони маъмулӣ, ба як ривояти ахлоқӣ ва инсонӣ табдил шавад.

Фазосозии сериал низ аз дигар нуқтаҳои қуввати он ба шумор меравад. Истифода аз локатсияҳои табиӣ, тарроҳии сода аммо воқеъгароёнаи саҳнаҳо ва набуди муболиға дар саҳнаҳои аксион, ба достон ҳисси асолат бахшидааст.

Дар бахши бозигарӣ, ҳузури чеҳраҳои барҷаста ба мондагории ин асар афзудааст. Хусрав Шакибоӣ дар нақши Муродбег яке аз мутафовиттарин ва баёдмонданитарин иҷроҳои корномаи ҳунарии худро ироа кардааст; шахсияте ки аз хушунат ва саркашӣ ба оромиш ва дарки инсонӣ мерасад. Дар канори ӯ, Маҳмуд Покният дар нақши Ҳисомбег, Жола Улув дар нақши Хола Лайло ва ҳунармандоне чун Ҷамшед Лоиқ, Муҳаммад Филӣ, Ҳусайн Паноҳӣ, Шуҳра Султонӣ, Маҳмуд Ҷаъфарӣ, Гавҳар Хайрандеш, Парвиз Пурҳусайнӣ, Ҷамшед Исмоилхонӣ, Беҳрӯз Масрурӣ, Манучеҳр Ҳомидӣ ва Садруддин Ҳиҷозӣ ҳар кадом нақши муҳимме дар шаклгирии ин ривоят ифо кардаанд.

Аз манзари муҳтавоӣ, «Рӯзе рӯзгоре» беш аз ҳар чиз бар мафҳуми «камол ёфтани инсон» таъкид дорад; ин ки чӣ гуна як фард, ҳатто бо гузаштаи торик, метавонад масири зиндагии худро тағйир диҳад. Ин паём дар ҷомеаҳое монанди Афғонистон ва Тоҷикистон ки арзишҳои ахлоқӣ, хонавода ва бозгашт ба ҳақиқат аҳамияти боло доранд, метавонад таъсиргузор ва илҳомбахш бошад.

Дар маҷмӯъ, бозпахши сериали «Рӯзе рӯзгоре» фурсатест барои бозгашт ба як ривояти асил ва пурмаъно; сериале ки бо вуҷуди гузашти солҳо ҳамчунон тозагӣ ва қудрати таъсиргузории худро ҳифз кардааст.

Дар поён бояд ёдовар шуд, ки сериали «Рӯзе рӯзгоре» аз сешанбе, 5 майи 2026, ҳар шаб соати 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 нашр мешавад.

نظر شما
ارسال نظر