Дар идомаи пахши осори экшн ва ҷиноии классикӣ, шабакаи Айфилм 2 ин бор филми синемоии «Ташкилот»-ро ба коргардонии Манучеҳр Масирӣ барои дӯстдорони ин жанр рӯи антенна мебарад; филме пурҳаяҷон, ки қарор аст рӯзи 30 апрели 2026 пахш шавад.
«Ташкилот» аз ҷумлаи осори экшн–ҷиноии даҳаи ҳаштодуми мелодии синемои Эрон ба шумор меравад; даврае, ки синемои минтақа бештар ба ривояти достонҳои амниятӣ, мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва таҳдидҳои иҷтимоӣ мепардохт. Ин филм низ дар ҳамин чорчӯб, ба яке аз мавзӯъҳои ҳассос, қочоқи маводи мухаддир ва шабакаҳои печидаи он, мепардозад.
Қиссаи филм бо як маъмурияти хатарнок оғоз мешавад; «Маҳмуд», маъмури мубориза бо маводи мухаддир, бо ҳувияти тағйирёфта вориди як шабакаи созмонёфтаи қочоқ мешавад. Ӯ муваффақ мешавад яке аз унсурҳои калидӣ бо номи «Суҳроб»-ро боздошт кунад, аммо фирори «Ҷавод», узви дигари муҳими Ташкилот, занҷираи ҳодисаҳои печида ва пуртанишро ба вуҷуд меорад.
Дар идома, «Рӯъё», ки узви Ташкилот ва ҳамсари пешини Маҳмуд аст, вориди саҳна мешавад; шахсияте дугона, ки миёни эҳсосоти шахсӣ ва маъмурияти хатарноки худ дар навасон аст. Наздикии ӯ ба Маҳмуд на танҳо фазои эҳсосиро вориди достон мекунад, балки қабатҳои равонӣ ва инсонии қиссаро низ барҷаста месозад. Ин бархӯрди эътимод ва фиреб, яке аз меҳварҳои асосии филмро ташкил медиҳад.
Ҳузури чеҳраҳое чун Маҷид Музаффарӣ, Афсона Бойгон, Акбар Занҷонпур, Музаффар Муқаддам, Ғуломҳусейн Нақшина, Фаррух Неъматӣ ва Сиёвуш Таҳурмурис ба ин асар вазни ҳунарӣ бахшидааст. Иҷрои ин бозигарон, ба вижа дар нақшҳои чандқабата, ба боварпазирии фазои ҷиноии филм кӯмак кардааст.
Дар маҷмӯъ, «Ташкилот» филме пурҳаяҷон бо дарунмояи амниятӣ ва инсонӣ аст, ки бо ривояти чандқабата талош мекунад ҳам ҳаяҷон ва ҳам андешаро ба бинанда пешниҳод намояд.
Ин филми синемоӣ рӯзи 30 апрели 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм 2 пахш хоҳад шуд.