Филми синемоии «Дакал» ба коргардонии Абдулҳасан Барзида, ки ривоятгари рӯзҳои душвор ва ҳамосии Эрон дар ҷангҳои таҳмилӣ мебошад, қарор аст 22 апрел аз шабакаи Айфилм2 пахш гардад.
«Дакал» аз ҷумлаи филмҳоест, ки бо нигоҳи воқеъгароёна ба фазои ҷанг, талош мекунад шуҷоат ва фидокориҳои насли ҷавонро дар яке аз ҳассостарин марҳилаҳои таърихии минтақа ба тасвир кашад. Ин филм дар заминаи рӯйдодҳои ҷанги миёни Эрон ва режими баасии Ироқ шакл гирифтааст; ҷанге, ки таъсироти он на танҳо бар як кишвар, балки бар саросари минтақа қобили дарк ва эҳсос мебошад.
Қиссаи филм дар шаҳри Ободон ҷараён дорад; шаҳре, ки дар муҳосираи нерӯҳои баасӣ қарор гирифта, зери оташи шадид ва пайдарпай аст. Дар ин миён, гурӯҳе аз наврасони фидокор ба роҳбарии Ҳамид, як вазифаи душвор ва сарнавиштсозро ба дӯш мегиранд: нобуд сохтани як дакали дидбонӣ, ки ҳамчун нуқтаи стратегии ҳамла, шаҳрро ҳадафи зарбаҳои пайваста қарор додааст. Ин амалиёт на танҳо як иқдоми низомӣ, балки санҷише аз ҷасорат, ҳамбастагӣ ва фидокорӣ барои ин ҷавонон ба шумор меравад.
«Дакал» бо тамаркуз бар нақши наврасон дар майдони ҷанг, мекӯшад ҷанбаи камтар дидашудаи даргириҳоро барҷаста намояд; ҷое ки синну сол монеаи эҳсоси масъулият намегардад ва ангезаҳои инсонӣ дар авҷи буҳрон маъно пайдо мекунанд.
Дар бахши ҳунарӣ, ҳузури бозигароне чун Муҳаммадризо Эронманиш, Маҳдӣ Қулӣ Пур, Нилуфар Маҳмудӣ, Алиризо Исҳоқӣ, Маҳмудризо Сонӣ, Шаҳром Шарифӣ, Ҳасан Рустоӣ ва дигар ҳунармандон, ба ин асар рангу бӯи воқеъгароёнатар бахшидааст. Коргардон бо истифода аз маконҳои наздик ба фазои воқеии ҷанг ва пардохти ҷузъиёти саҳнаҳои набард, талош кардааст ҳисси ҳузур дар майдонро барои бинанда эҷод намояд.
Дар маҷмӯъ, «Дакал»-ро метавон асаре донист, ки фаротар аз як филми оддии ҷангӣ, ба инъикоси рӯҳияи муқовимат ва фидокорӣ дар миёни насли ҷавон мепардозад; мафҳуме, ки дар ҳар ҷуғрофия ва фарҳанг қобили дарк ва эҳтиром аст.
Ин филми синемоӣ 22 апрел, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш хоҳад шуд.