Фасли аввали силсилафилми «Аз сарнавишт» аз 13 апрели соли 2026 дар шабакаи Айфилм2 ба пахш мерасад; силсилафилме эҳсосӣ ва иҷтимоӣ, ки бо меҳвар қарор додани зиндагии кӯдакони бепарастор, достоне таъсиргузор ва қобили даркро ривоят мекунад.
Ин силсилафилм ба коргардонии Муҳаммадризо Хирадмандон ва Алиризо Базрафшон таҳия шуда, аз ҷумлаи осори муваффақ дар жанри хонаводаӣ ба шумор меравад. «Аз сарнавишт зиндагии ду кӯдакро, ки дар ятимхона бузург мешаванд, аз солҳои кӯдакӣ то наврасӣ ва ҷавонӣ пайгирӣ намуда, фарозу нишебҳои сарнавишти онҳоро ба тасвир мекашад.
Достони ин силсилафилм беш аз он ки танҳо як ривоят бошад, бозтобе аз воқеиятҳои иҷтимоӣ аст; мавзуъҳое чун фақр, маҳрумият, талош барои тағйири сарнавишт ва нақши пуштибониҳои инсонӣ дар шаклгирии ояндаи афрод, аз ҷумла меҳварҳое мебошанд, ки дар ин асар ба таври барҷаста матраҳ мегарданд.
Дар қисми нахустини фасли аввал, рӯйдодҳо бо озод шудани «Маҳлақо» аз зиндон оғоз меёбанд; зане, ки бо кинаи пинҳон, дар пайи ёфтани марде бо номи «Мансур Афшор» мебошад. Ӯ бо ҳамкории «Суҳайло» ва тарҳрезии як садамаи сохтаи нақлиётӣ, даст ба рабудани фарзанди Афшор мезанад; иқдоме, ки оғози занҷираи ҳодисаҳои печида ва сарнавиштсоз гардида, масири достонро ба таври ғайримунтазира тағйир медиҳад.
Дар бахши ҳунарпешагӣ, таркибе аз ҳунармандони ботаҷриба ва чеҳраҳои ҷавон ҳузур доранд; аз ҷумла Пурё Пурсурх, Маҷид Вошиқонӣ, Лайло Булукот, Ҳабиб Деҳқоннасаб, Алиризо Устодӣ, Митро Рафеъ, Абулфазл Ҳамроҳ, Ҳусайн Покдил, Марям Козимӣ, Фарибо Нодирӣ, Меҳдӣ Сабоӣ, Сайид Меҳрдод Зиёӣ, Моида Таҳмосбӣ, Шабнам Фаршодҷӯ, Ростин Азизпур ва Амирризо Фаромарзӣ, ки ҳар кадом дар пешбурди достон нақши муҳим доранд.
Яке аз вижагиҳои қобили таваҷҷуҳи ин силсилафилм, тамаркузи он бар умед ва тағйир аст; ин ки инсон чӣ гуна метавонад бо вуҷуди шароити душвор, масири зиндагии худро дигаргун созад. Ҳамин паём «Аз сарнавишт»-ро ба асаре илҳомбахш барои хонаводаҳо табдил додааст.
Бар ин асос, фасли аввали силсилафилми «Аз сарнавишт» ҳар рӯз соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 пахш мегардад.