Силсилафилми телевизионии «Рӯзҳои обӣ» ин рӯзҳо аз тариқи шабакаи Айфилм2 ба пахш мерасад; асаре хонаводагӣ ва иҷтимоӣ, ки бо ривояти пурчолиш ва эҳсосии худ мекӯшад бинандагонро бо достоне наздик ба воқеиятҳои зиндагӣ ошно созад.
Ин силсилафилм, ки ҷойгузини силсилафилми «Як лаҳза дертар» шудааст, ривоятгари зиндагии як хонаводаи шаҳрӣ аст, ки дар пайи буҳрони молӣ ва хиёнати шарики кории падар, дучори фурӯпошӣ мешаванд. Падари хонавода пас аз аз даст додани сармояаш равонаи зиндон мегардад ва фарзандонаш маҷбур мешаванд барои оғози зиндагии тоза ба хонаи холаи худ дар як деҳа дар шимоли Эрон паноҳ баранд.
Дар меҳвари достон, шахсияти «Сора» қарор дорад; духтаре, ки дар остонаи издивоҷ ва муҳоҷират ба Олмон, бо тағйири масири зиндагии худ рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ тасмим мегирад ба ҷойи рафтан, бимонад ва барои наҷоти хонаводааш талош кунад. Сора бо фурӯши заминҳои меросии модараш мехоҳад қарзҳои падарро пардохт намояд, аммо ин роҳ осон нест ва бо монеаҳои печида ва ғайримунтазира рӯ ба рӯ мешавад, ки сарнавишти ӯ ва хонаводаашро дигаргун месозад.
«Рӯзҳои обӣ» бо тамаркуз бар мафҳумҳое чун фидокорӣ, ҳамбастагии хонавода, муҳоҷират ва чолишҳои иқтисодӣ, ба вижа барои бинандагони Афғонистон ва Тоҷикистон, ки бо чунин воқеиятҳо ошно ҳастанд, метавонад асаре таъсиргузор ва қобили дарк бошад.
Ин силсилафилм ба коргардонии Муҳаммадризо Ҳоҷиғуломӣ тавассути гурӯҳе аз нависандагон аз ҷумла Матин Рукн, Алӣ Ҳимосӣ, Морао Саҷҷодӣ, Нимо Ҷаҳонбин ва дигарон нигошта шудааст. Танаввуъи дидгоҳҳо дар нависандагӣ ба ғанои достон ва печидагии шахсиятҳо афзудааст.
Дар бахши ҳунарпешагӣ низ чеҳраҳои шинохташуда ҳузур доранд; аз ҷумла Видо Ҷавон, Сомон Саффорӣ, Акбар Абдӣ, Фарибо Мутахассис, Эраҷ Нӯзарӣ, Алиризо Ҷалолӣ-Табор, Амир Ғафформаниш, Нодир Сулаймонӣ, Алӣ Сулаймонӣ, Меҳрон Раҷабӣ ва дигар ҳунармандон, ки ҳар кадом бо иҷрои нақшҳои гуногун, ба ҷаззобияти ин силсилафилм афзудаанд.
Аз назари фазосозӣ, интиқоли достон аз шаҳр ба деҳа яке аз нуқтаҳои қавии силсилафилм ба шумор меравад; ҷое ки тазоди миёни зиндагии шаҳрӣ ва рустоӣ заминаи тозае барои ривоят фароҳам мекунад ва ба бинанда имкон медиҳад бо сабкҳои мухталифи зиндагӣ ошно шавад.
Дар маҷмӯъ, «Рӯзҳои обӣ» талош дорад бо таркиби достони пуртаниш, ҳунарпешагони моҳир ва фазои бумӣ, ба яке аз силсилафилмҳои қобили таваҷҷуҳ дар Айфилм2 табдил шавад.
Дар поён бояд ёдовар шуд, ки силсилафилми «Рӯзҳои обӣ» ҳар шаб соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 пахш мегардад.
Рӯзҳои обӣ?
Tajikistan is beautiful