Мухотабони iFilm2 ба зудӣ шоҳиди яке аз мутафовиттарин достонҳои телевизионӣ хоҳанд буд; ривояте, ки гузашта ва ҳолро ба ҳам пайванд медиҳад ва бинандаро вориди сафари ғайримунтазира дар қалби замон мекунад. Силсилафилми «Панҷумин Хуршед» аз 5 марти 2026 дар ҷадвали пахши ин шабака қарор мегирад ва ҷойгузини силсилафилми «Турш ва Ширин» мешавад.
Силсилафилми «Панҷумин Хуршед» ба коргардонии Алиризо Афхами аст; асаре, ки ҳангоми пахши нахустин бор ба далели таркиби достони ошиқона бо унсури илмӣ–хаёлӣ таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб кард. Ин силсилафилм аз ҷумлаи осори камтар такроршудаи телевизионӣ ба шумор меравад ва ҳамин мавзуъ, тамошои дубораи онро барои бисёре аз мухотабон ҷаззобтар месозад.
Достон дар бораи ду дӯсти самимӣ ба номҳои «Муҳсин» ва «Ҳумоюн» аст, ки дар соли 1985 бо мушкилоти иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд. Пайдо шудани тасодуфии як шайъи таърихии аҷиб, зиндагии онҳоро дигаргун месозад; зеро ин шайъ тавоноии сафар дар замонро дорад. Дар идома, Муҳсин нохоста 24 сол ба оянда партоб мешавад ва худро дар Теҳрони соли 2009 меёбад; шаҳре, ки барои ӯ саршор аз падидаҳои тоза, равобити мутафовит ва ҷаҳоне комилан ношинос аст.
Рӯ ба рӯ шудани як инсон аз гузашта бо ҷаҳони муосир, мавқеъиятҳои гоҳе мазҳакавӣ ва гоҳе эҳсосиро халқ мекунад. Дар ҳамин масир, ошноии Муҳсин, бо духтаре ба номи Ҳумо, достонро вориди фазои ошиқонае месозад, ки тасмимҳои душвор ва пурсишҳои амиқеро дар бораи сарнавишт ва интихобҳои инсон пеши рӯи ӯ қарор медиҳад. Ҳамин тазод миёни замонҳо, аз муҳимтарин ҷаззобиятҳои силсилафилм ба шумор меравад ва боис мешавад ҳар қисмат бо ҳисси кунҷковӣ пайгирӣ шавад.
Дар ин силсилафилм бозигароне чун Ҳамид Гударзӣ, Шабнам Қулихонӣ, Марям Ковиёнӣ, Шаҳром Қоидӣ, Меҳдӣ Сулукӣ, Анӯшервон Арҷманд, Маҳваш Сабркун, Пиндор Акбарӣ, Ҳасан Наҷафӣ, Набиуллоҳ Пирҳодӣ ва Комёр Муҳибӣ ҳузур доранд ва бо нақшофариниҳои худ, фазои достонро боварпазир ва наздик ба зиндагии рӯзмарра сохтаанд.
«Панҷумин Хуршед» танҳо як достони сафар дар замон нест; балки ривояте дар бораи тағйири наслҳо, тафовути нигоҳҳои инсонҳо дар давраҳои мухталиф ва ин пурсиш аст, ки агар фурсати дуборае барои зиндагӣ дошта бошем, чӣ интихобе хоҳем кард. Ҳамин мазмуни инсонӣ сабаб шудааст, ки достон барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон низ қобили дарк ва ҷаззоб бошад.
Силсилафилми «Панҷумин Хуршед» аз 5 марти 2026 ҳар рӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон аз iFilm2 пахш мешавад; замоне муносиб барои ҳамроҳии хонаводаҳо бо достоне пурҳаяҷон, эҳсосӣ ва мутафовит.