نشرات زنده
فارسی English عربي
42
-
الف
+

Тамошои як достони ҷаззоб; филми телевизионии «Миш» панҷшанбе аз iFilm2

Филми телевизионии «Миш» бо достоне мазҳакавӣ дар бораи як маъмур ва гӯсфанди гумшуда, панҷшанбе аз iFilm2 пахш мешавад.

Гоҳе як рӯйдоди сода, занҷирае аз воқеаҳои ғайриинтизорро рақам мезанад ва зиндагии рӯзмарраро ба саҳнае аз моҷароҳои пешбининашаванда табдил медиҳад. Филми телевизионии «Миш» аз ҳамин нуқта оғоз мешавад; достоне мазҳакавӣ, ки бо як маъмурияти одии хонаводагӣ шуруъ мегардад, аммо дар идома ба сафари пурҳодиса ва хандаовар табдил меёбад. Ин асар ба коргардонӣ ва нависандагии Маҷид Солеҳӣ панҷшанбе 26 феврали 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.
Бино ба гузориши iFilm2 , филми телевизионии «Миш» дар фазои мазҳакаи иҷтимоӣ ривоят мешавад ва бо нигоҳе интиқодӣ ва ҳамзамон шӯхтабъона, зиндагии як корманди давлатиро ба тасвир мекашад, ки нохоста даргири моҷарое ғайриодӣ мешавад. Фаррух Саноӣ, маъмури идораи паспорт, ҳамроҳ бо ҳамсар, духтар ва модараш зиндагии ороме дорад. Ҳамзамонии Иди Қурбон бо ҷашни зодрӯзи духтараш сабаб мешавад, ки хонавода тасмим бигирад назри худро адо кунад. Фаррух барои овардани гӯсфанд ба деҳа меравад; аммо вақте пас аз тановули нони чошт бозмегардад, бо мошини холӣ рӯбарӯ мешавад ва ҳамин лаҳза оғозгари силсилаи ҷустуҷӯҳо ва бархӯрдҳои мазҳакавӣ мегардад.
Ҷустуҷӯи як гӯсфанди гумшуда, баҳонае мешавад барои шаклгирии мавқеъиятҳои хандаовар, суитафоҳумҳои пайдарпай ва рӯбарӯ шудан бо шахсиятҳое, ки ҳар кадом бахше аз мазҳакаи қиссаро месозанд. Ривояти филм бо шитоби бештар пеш меравад ва дар канори шӯхиҳои мавқеъият, ба равобити хонаводагӣ ва машғулиятҳои сода аммо ламсшавандаи зиндагии шаҳрӣ низ мепардозад; унсурҳое, ки барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ошно ва қобили дарк аст.
Дар ин филм чеҳраҳои шинохташудаи мазҳака ҳузур доранд; Саъид Оқохонӣ, Катоюн Амириброҳимӣ, Сайид Алӣ Солеҳӣ, Меҳрон Ғафурён, Хашоёр Род, Алиризо Масъудӣ, Алӣ Содиқӣ, Амир Нурӣ, Соъид Ҳидоятӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Амир Ҷаъфарӣ, Аббос Маҳбуб ва Римо Роминфар аз ҷумлаи бозигаронанд, ки ҳар як бо сабки вижаи худ ба асар ҷон бахшидаанд. Ҳамин таркиби бозигарон, интизори як асари саргармкунанда ва пурэнержиро дар зеҳни мухотаб тақвият медиҳад.
Қобили зикр аст, ки iFilm2 тибқи равиши ҳарҳафтаина, панҷшанбеҳо як филми телевизионӣ ё синамоиро барои мухотабон пахш мекунад ва дар ин рӯз силсилафилмҳои «Хона ба дӯш» ва «Туфанги сарпур» рӯи антенна намераванд. Филми телевизионии «Миш» рӯзи панҷшанбе 26 феврали 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر