Силсилафилми «Хона ба дӯш», яке аз маҳбубтарин осори телевизиони Эрон, аз таърихи 18-уми феврали соли 2026 тавассути шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд ва ҷойгузини силсилафилми «Хушнишинҳо» мегардад. Ин асар бо фазое дилнишин ва қиссае ҷолиб, ҳамеша яке аз интихобиҳои собити дӯстдорони силсилафилмҳои эронӣ ба шумор меравад.
Ба гузориши iFilm2 , достони силсилафилми «Хона ба дӯш» дар бораи Мошоаллоҳ, марди хонавода-дӯст ва заҳматкаш аст, ки дар шароити душвори иқтисодӣ мекӯшад ризқи ҳалолеро барои аҳли оилаи худ фароҳам созад. Аммо ногаҳон бо шахсе бо номи Баёт ошно мешавад, ки ба ӯ пешниҳоди кори сердаромад медиҳад. Мошоаллоҳ бо умеди наҷоти хонаводааш ин пешниҳодро мепазирад, вале роҳе, ки дар пеш дорад, пур аз чолишҳо ва рӯйдодҳои ғайримунтазира мебошад. Ҳар лаҳзаи ин қисса таълиқ ва ҳаяҷони вижаи худро дорад ва бинандаро водор месозад, ки идомаи саргузаштро пайгирӣ намояд.
Дар ин силсилафилм гурӯҳе аз ҳунарпешагони саршиноси эронӣ ҳузур доранд, аз ҷумла Ризо Атторон, Ҳамид Лулоӣ, Марям Амирҷалолӣ, Алӣ Содиқӣ, Аноҳито Ҳимматӣ, Хашоёр Род, Беҳнуш Бахтиёрӣ, Ғуломҳусайн Лутфӣ ва Флур Назарӣ. Ҳузури ин бозигарон дар канори ривояти пурҷунбишу ҷӯши силсилафилм, таҷрибае фароғатбахш ва дилнишинро барои тамошобинон фароҳам меорад ва хотираҳои ширини солҳои гузаштагони телевизиони Эронро дубора зинда мекунад.
Силсилафилми «Хона ба дӯш» бо ривояти пурмоҷаро ва мазҳакае мулоим, омода аст дар остонаи моҳи мубораки Рамазон тамошобинонро бо лаҳзаҳое ширин, пурҳаяҷон ва хотираангез ҳамроҳӣ намояд. Пахши ин силсилафилм аз 18-уми феврали соли 2026 оғоз гардида, соати намоиши он 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе муқаррар шудааст.
سلام وقتتون بخیر لطفا سریال خانه به دوش را درلیست نشر ماه رمضان پخش کنید ممنون