Сериали таърихӣ-инқилобии «Ҷалол», ки айни ҳол аз шабакаи ҷаҳонии «АйФилм2» пахш мешавад, яке аз он сериалҳоест, ки мекӯшад бо забони достонӣ, бахше аз таърихи муосири Эронро барои тамошобинони форсизабони минтақа бозгӯ кунад. Ин сериал рӯзгори мардумеро ба тасвир мекашад, ки дар даҳаҳои пеш зери фишори низоми подшоҳии вақти Эрон зиндагӣ мекарданд ва тадриҷан ба сӯи эътироз, огоҳӣ ва мубориза барои тағйири сарнавишти худ кашонда шуданд; роҳе, ки дар ниҳоят ба пирӯзии «Инқилоби Исломии Эрон» анҷомид.
Достони «Ҷалол» бештар дар шимолу ғарби Эрон ва дар шаҳри «Табрез» ҷараён мегирад; шаҳре, ки дар он давра яке аз марказҳои аслии муборизаҳои мардумӣ ба шумор мерафт. Ин ривоят на аз нигоҳи сиёсатмадорон, балки аз зовияи нигоҳии мардумони оддии кӯчаю бозор баён мешавад.
Сериали «Ҷалол» ба коргардонии Ҳасан Наҷафӣ дар жанри таърихӣ-иҷтимоӣ сохта шудааст. Дар ин сериал ҳунармандоне чун Ҳумайро Риёзӣ, Аммор Тафтӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Ҳодӣ Ифтехорзода, Ризо Обпок, Сано Пурсайидӣ, Комёр Шакибоӣ, Фотима Шукрӣ ва Ҳомид Мунофӣ нақшофаринӣ кардаанд.
Яке аз бартариҳои муҳими ин сериал мусиқии таъсиргузори он аст; бавижа суруди титраж бо номи «Сорой», ки ҳамон дар лаҳзаҳои аввал фазои эҳсосӣ ва ҳамосии қиссаро ба гӯши тамошобин мерасонад. Суруди «Сорой» бо садои гарми Алиризо Маҳдизода иҷро шуда, бахши овози озарии онро Ризо Асғарӣ хондааст. Оҳангсозӣ ва танзими ин асар бар уҳдаи Фуод Самеъӣ буда, шеърро Иброҳим Иқболӣ сурудааст; шеърест, ки аз дард, сабр, дилбастагӣ ба сарзамин ва умед ба раҳоӣ сухан мегӯяд ва бо фазои сериал ба хубӣ ҳамоҳанг аст.
«Сорой» асарест, ки миёни фарҳангҳои форсӣ ва озарӣ пайванд эҷод мекунад ва барои тамошобинони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ба сабаби наздикиҳои забонӣ ва эҳсосӣ, шуниданӣ ва қобили дарк аст.
Агар мехоҳед ин асари шуниданиро таҷриба кунед, кофист ба болои ҳамин саҳифа биравед ва Суруди «Сорой»-ро бо сифати баланд бишнавед; мусиқие, ки шуморо ба дили қиссаи «Ҷалол» мебарад ва ҳавову ҳолати он рӯзгори пурталотумро зинда месозад.