نشرات زنده
فارسی English عربي
19
-
الف
+

Сериали Парвона ривояти духтари ҷавоне дар миёни сиёсат ва сарнавишт

Сериали Парвона талош дорад достони насли саргаштаеро дар таърих ривоят кунад ки интихобҳояшон ояндаашонро рақам мезанад.

Ба гузориши Айфилм2 сериали таърихӣ_иҷтимоии Парвона аз рӯзи сешанбе 27-уми январи соли 2026 барои мухотабони форсизабони ҷаҳон пахш мешавад; сериале ки бо ривояти ҳаяҷонии худ, бинандаро ба солҳои даҳаи ҳафтоди мелодӣ мебарад
Сериали Парвона маҳсули соли 2012 ба коргардонии Ҷалил Сомон сохта шудааст. Ин сериал бо нигоҳе драмавии ба суроғаи насле меравад ки дар миёни ошӯб, дудилагӣ ва ормонхоҳӣ масири зиндагиашон иваз шуд.
Қиссаи Парвона дар авохири даҳаи ҳафтоди мелодӣ ривоят мешавад ва меҳвари он ҷавоне ба номи Амир аст; шахсияти саргашта ки дар пайи ёфтани гумшудаи худ нохоста вориди ҷараёнҳои сахти сиёсӣ мешавад. Ӯ бо як гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Паҳлавӣ(подшоҳи Эрон) ҳамроҳ мегардад ва дар ин масир бо интихобҳое рӯбарӯ мешавад ки сарнавишти фарди ва эҳсосиашро бо мушкилот ҳамроҳ месозад. Сериал мекӯшад то нишон диҳад чигуна сиёсат, ишқ, хонавода ва боварҳои шахси дар он солҳо ба якдигар омехта шуданд.
Аз нигоҳи мунтақидон сериали Парвона танҳо як ривояти сиёсӣ нест балки тасвири ҷавонест ки миёни умед ва ҳарос, ормон ва воқеият дасту по мезанад. Ҳамин рӯйкард ин асарро барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон қобили дарк мекунад; ҷавомеъи ки таҷрибаи солҳои пурфарозу нашеби таърихро дар ҳофизаи худ доранд.
Дар ин сериал ҷамъе аз чеҳраҳои шинохташудаи телевизиюни Эрон нақшофаринӣ кардаанд. Ҳомид Кумайлӣ дар нақши Амир, дар канори бозигароне чун Нимо Райисӣ، Соро Баҳромӣ, Меҳдӣ Сулукӣ, Ҳидоят Ҳошимӣ, Шаҳром Абдулӣ, Сипеда Худовирдӣ, Илҳом Чарханда, Қутбуддин Содиқӣ, Фаршед Навобӣ, Матин Сутуда ва Довуд Фатҳалибейгӣ таркиби қобили таваҷҷуҳ аз наслҳои мухталифи бозигариро шакл додаанд.
Шабакаи Айфилм2 бо нашри ин сериал, талош дорад бори дигар осори мондагори телевизионро дар ихтиёри мухотабони форсизабони Афғонистон ва Тоҷикистон қарор диҳад; осоре ки илова бар саргармӣ, имкони бозхонии таърихи муосир ва тафаккур дар сарнавишти инсонро фароҳам месозанд.
Бар асоси ин гузориш сериали Парвона аз рӯзи сешанбе 27-уми январи соли 2026 ҳар шаб соати 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 ба нашр мерасад.

نظر شما
ارسال نظر