Шабакаи Айфилм2 рӯзи панҷшанбе 22-уми январи соли 2026, филми синамоии "Болотар аз хатар"-ро барои мухотабони форсизабон пахш мекунад. Ин филм яке аз намунаҳои шохис дар миёни филмҳои ҷиноӣ_пулисии синамои Эрон ба шумор меравад; асарҳое ки мавзӯъи аслии онҳо таъқиб, розгушойи ва кашокаш миёни қонун ва гурӯҳҳои табаҳкор мебошад ки ни мавзӯъот ҳамвора барои мухотабон ҷолиб ва ҷаззоб мебошад.
Филми синамоии "Болотар аз хатар" ба коргардонии Саид Олимзода ва маҳсули соли 1995 мебошад. Достони ни филм дарбори зиндагӣ марде 35 сола ба номи Масъуд мечархад ки пас аз кушта шудани хоҳараш дар ҷараёни муомилаи ғайриқонунии долларҳои қалбакӣ ба Эрон бозмегардад аммо ин бозгашт бо фоҷиаи дигар ҳамроҳ мешавад ва ӯ шоҳиди марги ҳамсараш низ мегардад. Масъуд ки худро дар маркази иттиҳом ва таъқиби пулис мебинад, нохоста вориди бозии печидае мешавад ки дар он ҳам ба дунболи ёфтани қотилони азизонш аст ва ҳам василае барои пулисҳоаст то ба маркази ҷинояткорон роҳ ёбанд
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар ривояти филм ин аст ки пулис бо вуҷуди огоҳӣ аз бегуноҳии Масъуд ӯро зери назар мегирад то аз тариқи ӯ ба саршохаи асосии шабакаи ҷиноят бирасад. Ҳамин ҳолати дугона фазои пурҳаяҷони филмро шакл медиҳад ва мухотабро то ба поён бо пурсиш дарбори идолат, қасос ва ҳақиқат ҳамроҳ месозад.
Дар ин филм Фарибурз Арабниё нақши Масъудро мебозад ва Ҳасан Ҷавҳарчӣ, Аҳмад Наҷафӣ, Жола Сомитӣ, Муҳаммад Шерӣ, Саид Пирдуст ва ҷамъе дигар аз бозигарони шинохташудаи синамои Эрон ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Филми синамоии "Болотар аз хатар" рӯзи панҷшанбе 22-уми январи соли 2026 соати 20:00 ба вақти Теҳрон, соати 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 пахш хоҳад шуд.