Ба гузориши АйФилм2, сериали комедӣ ва пуртарафдори Хушнишинҳо аз рӯзи шанбе 17-уми январи соли 2026, аз шабакаи АйФилм2 нашр хоҳад шуд; сериале ки бо латифаҳои ҷолиб, персонажҳои фаромӯшнашуданӣ ва сюжети пур аз моҷароҳояш маъруф аст, тавонистааст табассумро ба хонаи тамошобинон биёрад.
Хушнишинҳо ба коргардонии Саид Оқохонӣ ва маҳсули соли 1389 хуршидӣ (2010 милодӣ) мебошад; сериале ки дар замони аввалин нашри худ ба яке аз маҳбубтарин осори комедии телевизионии табдил шуд ва ҳануз ҳам бо гузашти солҳо, ҷазоббияташро ҳифз намудааст. Ин сериал бо нигоҳи мазҳакавӣ-иҷтимоӣ, ба суроғи мавзӯъҳое чун ҳирс, дӯстӣ, фиреб, пушаймонӣ ва оқибатҳои рафтори нодуруст меравад, ки ҳама дар қолаби шӯхӣ ва вазъиятҳои хандаовар нақл мешаванд.
Силсилафилм дар атрофи ду шарик, Ардашер Шамшерӣ ва дӯсташ Оқои Садрӣ давр мезанад. Онҳо бо фиреб додани ҳамкорони худ дар як ширкати тиҷоратӣ, моҷароҳои мураккаб ва пурсарусадоеро ба вуҷуд меоранд. Ардашер , ки молу мулки худаш ва дигаронро дар ҷойи номаълум пинҳон кардааст, тадриҷан ба мушкилоте рӯ ба рӯ мешавад, ки на танҳо зиндагии ӯро халалдор мекунад, балки ӯро ба фикр кардан ва пушаймонӣ водор месозад. Ба ғайр аз ин, моҷароҳои пулисӣ, ошиқона ва вазъиятҳои пайдарпайи мазҳакавӣ, ки суръати силсилафилмро тез, хандаовар ва диданӣ нигоҳ медоранд, низ идома доранд.
Хушнишинҳо бо баҳрагири аз бозигарони номошнои ҳаҷвӣ ба яке аз мондагортарин сериалҳои ҳаҷвии телевизион табдил шудааст. дар ин сериал ҳунармандоне чун Алӣ Содиқӣ, Марҷона Гулчин, Ҳамид Лулоӣ, Сипанд Амирсулаймонӣ, Сирус Гурҷистонӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Сабо Камолӣ, Ҳадиса Теҳронӣ, Муҳаммад Косибӣ, нақшофаринии кардаанд; ин бозигарон бо услуби хоси худ ба ҷаззобияти ҳикоя афзудаанд.
Мазҳакаи Хушнишинҳо барои оилаҳо, бахусус барои тамошобинони Афғонистон ва Тоҷикистон, шинос ва қобили дарк аст. Ин мазҳака аз ҳаёти ҳаррӯза, муносибатҳои иҷтимоӣ, хатогиҳои инсонӣ ва шӯхӣ бо камбудиҳое, ки ҳамаи мо то андозае мешиносем, бармеояд.
Силсилафилми Хушнишинҳо аз рӯзи шанбе, 17-уми январи соли 2026, ҳар рӯз соати 21:00 ба вақти Кобул, 20:00 ба вақти Теҳрон ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи "Айфилм2" намоиш дода мешавад. Ин як фурсати тоза барои хандидан, фароғат кардан ва тамошои яке аз машҳуртарин силсилафилмҳои мазҳакавии телевизиони Эрон аст