نشرات زنده
فارسی English عربي
12
-
الف
+

Филми синамоии Истешҳоде барои Худо дар Айфилм2

Рӯзи панҷшанбе, 15-уми январи соли 2026 (25-уми ҷади/дай моҳи 1404 ҳиҷрии шамсӣ), шабакаи "Айфилм2" филми синамоии Истешҳоде барои Худо-ро намоиш медиҳад. Ин филми дорои паёми маънавӣ, тамошобинонро б

Ба гузориши АйФилм2 филми синаоии Истешҳоде барои Худо рӯзи панҷшанбе 15-уми январ 2026 ба нашр мерасад; филми тафаккурбарангез ки бо ривояти инсонӣ ва маьнавӣ мухотабони фирсизабонро ба сафари дарунӣ миёни гузашта, виҷдон ва имон мебарад.

Истешҳоде барои Худо ба коргардонии Алӣризо Аминӣ ва маҳсули соли 1386 хуршедӣ(2007 мелодӣ) мебошад; асаре ки бисёр зудтар аз пешбинӣ бо истиқболи тамошобинон рӯбарӯ шуд ва ҷойгоҳи визжа дар миёни филмҳои маьнавии синамойи Эрон бадаст овард.Ин филм бо такя бар ривояти содда аммо амиқ пурсишҳои бунёди дарбораи ҳисобу китоби инсон бо худ, мардум ва парвардигор матраҳ мекунад.

Қиссаи филм дар бораи пирамарде бо номи Фатҳӣ давр мезанад. Ӯ эҳсос мекунад, ки рӯзҳои охири умраш фаро расидаанд. Пас аз солҳо, ӯ ба деҳаи зодгоҳаш бармегардад, ҷое ки хотираҳои талху ширин аз гузашта ҳанӯз дар зеҳни мардум зинда аст. Фатҳӣ тасмим мегирад, ки тибқи як суннати қадимӣ, Истешҳоде барои Худо ҷамъоварӣ кунад. Ин як навъ шаҳодатнома аз забони мардум аст, ки исбот кунад ӯ одами бад набудааст ва метавонад бо виҷдони оромтар ин дунёро тарк кунад. Ин кӯшиш Фатҳиро дар баробари баҳогузориҳои фаромӯшшуда, кинаҳои кӯҳна ва ҳақиқатҳои ногуфта қарор медиҳад.

Фазои сард ва деҳотии филм, ҳамроҳ бо ритми ором ва бозиҳои ҳисобшуда, ба таври ҳунармадона бо мазмуни маънавии ҳикоя пайваст шудааст. Ин ба тамошобин имкон медиҳад, ки ҳамзамон бо қаҳрамони асосӣ, ба гузаштаи худ нигарад ва маънои тавба, бахшиш ва оромши пеш аз маргро ба ёд оварад. Ин мафҳумҳо барои тамошобинони Афғонистон ва Тоҷикистон шинос ва решадор ҳастанд.

Дар ин филм, бозигарони маъруф чун Ҷамшед Ҳошимпур, Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Сарвиноз Мустуфӣ, Алӣ Саробӣ нақш офаридаанд ва бо бозиҳои боварибахши худ ба ҷоннокӣ ва воқеъияти ҳикоя мусоидат кардаанд.

Филми синамоии Истешҳоде барои Худо рӯзи панҷшанбе, 15-уми январи соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи "Айфилм2" намоиш дода мешавад. Ин як асари диданӣ барои оилаҳо ва дӯстдорони филмҳоест, ки дилро ба андеша ва рӯҳро ба оромӣ даъват мекунанд

نظر شما
ارسال نظر