نشرات زنده
فارسی English عربي
77
-
الف
+

Филми «Ҳутели Картон»; ривояти талхе аз ишқ, хонавода ва ватан дар iFilm2

«Ҳутели Картон» унвони филмест, ки шаби панҷшанбе аз шабакаи iFilm2 ба рӯйи антен меравад ва достони бозгашти як қаҳрамони собиқро ба умқи ҷомеа бозгӯ мекунад.

Шабакаи ҷаҳонии iFilm2 панҷшанбе, 8 январи соли 2026, филми синамоии «Ҳутели Картон»-ро барои бинандагони худ пахш менамояд; асаре иҷтимоӣ ва андешабарангез аз синамои Эрон, ки бо нигоҳе инсонӣ ба қабатҳои камдидатарини зиндагии шаҳрӣ ва сарнавишти одамоне мепардозад, ки дар ҳошияи ҷомеа рӯз мегузаронанд.
«Ҳутели Картон» ривояти зиндагии Баҳром Адиб аст; қаҳрамони пешини волейболи Эрон, ки пас аз солҳои тӯлонии дурӣ ба ватан бозмегардад. Ҳадафи аслии ӯ аз ин сафар дидор бо ягона фарзандаш Саъид мебошад, аммо ба зудӣ дармеёбад, ки писараш бар асари фишорҳои рӯҳӣ ва мушкилоти шахсӣ хонаро тарк карда ва нопадид шудааст. Ин воқеа Баҳромро водор месозад, то дар канори ҳамсари собиқаш Ҳумо ба роҳе пурчолиш барои ёфтани фарзандашон ворид шавад; роҳе, ки онҳоро ба дили шаҳр ва воқеиятҳои талхи зиндагии иҷтимоӣ мебарад.
Дар ҷараёни ин ҷустуҷӯ, Баҳром бо шароите рӯ ба рӯ мегардад, ки солҳо аз он фосила доштааст. Мулоқот бо одамон аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ӯро аз зиндагии нисбатан ором ва бемушкили гузаштааш ҷудо карда, ба бознигарӣ дар эътиқодҳо, арзишҳо ва нигоҳаш ба ватан ва хонавода водор мекунад. Барои Баҳром, ин сафар танҳо талоше барои ёфтани фарзанд нест, балки масире барои бозшинохти ҷомеа ва худи ӯст.
Дар ин миён, «Ҳутели Картон» танҳо як макони иқомат нест; балки рамзе аз зиндагии инсонҳост, ки дар ҳошияи шаҳр ва дар сояи бетаваҷҷуҳии ҷомеа умр ба сар мебаранд. Ин макон ба саҳнаи аслии рӯ ба рӯ шудани қаҳрамонҳо бо воқеиятҳои иҷтимоӣ табдил меёбад ва маъное фаротар аз як фазои физикӣ касб мекунад; ҷое, ки Баҳром тасвири дигаргунае аз зиндагӣ, ишқ, хонавода ва ватанро таҷриба мекунад.
Дар ин филм, Аҳмад Наҷафӣ дар нақши Баҳром Адиб ҳузуре таъсиргузор дорад ва тавонистааст кашмакашҳои дарунии як қаҳрамони собиқро бо боварпазирӣ ба тасвир кашад. Бито Фараҳӣ дар нақши «Ҳумо» ва Амин Ҳаёйӣ дар нақши «Саиъд» низ аз чеҳраҳои калидии достон ба шумор мераванд. Ҳамчунин ҳунармандоне чун Сирус Иброҳимзода, Суҳайло Разавӣ, Саъид Пирдуст, Акбар Муъаззӣ, Фаррух Неъматӣ, Розито Ғаффорӣ, Эззатуллоҳ Меҳроварон ва Ғуломҳусайн Лутфӣ дар ин асар нақшофаринӣ кардаанд, ки ҳузурашон ба ғанои ривоятии филм меафзояд.
«Ҳутели Картон» ба коргардонии Сирус Алванд аз ҷумлаи осори иҷтимоии синамои Эрон аст, ки бо нигоҳе интиқодӣ ва инсонӣ, чолишҳои зиндагии шаҳрӣ ва сарнавишти табақаҳои ҳошиянишинро инъикос мекунад. Ҳарчанд дар баъзе бахшҳо ритми ривоят кунд мегардад, аммо дар маҷмӯъ, бозӣҳои қобили қабул ва пардохти мавзӯии асар онро ба филме андешабарангез ва қобили баҳс табдил додааст.
Замони пахши филми синамоии «Ҳутели Картон» панҷшанбе, 8 январи соли 2026, соати 21:30 ба вақти Душанбе (Тоҷикистон) аз шабакаи ҷаҳонии iFilm2 хоҳад буд.

نظر شما
ارسال نظر