Ба гузориши iFilm2, сериали таърихӣ ва инқилобии «Ҷалол» аз душанбе, 5 январи соли 2026, пахши худро аз шабакаи ҷаҳонии iFilm2 оғоз мекунад. Ин сериал ҷойгузини сериали «Хонаи амн» шуда, мухотабонро бо достоне баргирифта аз таҳаввулоти иҷтимоии пеш аз инқилоби Эрон ҳамроҳ месозад.
«Ҷалол» ба коргардонии Ҳасан Наҷафӣ ва маҳсули соли 2019 мебошад; сериали, ки дар жанри таърихӣ–иҷтимоӣ тавлид шудааст ва тамаркузи аслии он бар нишон додани фишорҳо, беадолатиҳо ва бедории тадриҷии ҷомеа дар баробари низоми подшоҳии Эрон қарор дорад.
Достони сериал дар фосилаи солҳои 1959 то 1978 мелодӣ ҷараён мегирад ва бештари рӯйдодҳо дар як минтақаи туркзабони Эрон иттифоқ меафтанд; ҷое ки яке аз муҳимтарин қиёмҳои мардумии пеш аз инқилоб, яъне қиёми 18 феврали соли 1978, рух додааст. «Ҷалол» ин воқеаҳоро на аз нигоҳи сиёсатмадорон, балки аз зовияи зиндагии мардумони одӣ бозгӯ мекунад ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна норозигиҳои рӯзмарра ба ҳаракатҳои густурдаи эътирозӣ анҷомиданд.
Дар ин сериал ҳунарпешаҳое чун Ҳумайро Риёзӣ, Аммор Тафтӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Ҳодӣ Ифтихорзода, Ризо Обпок, Сано Пурсаъидӣ, Комёр Шакибойӣ, Фотима Шукрӣ ва Ҳомид Манофӣ нақшофаринӣ кардаанд.
Сериали «Ҷалол» мекӯшад бо забони достонӣ ва бидуни печидагӣ, мафҳумҳое чун зулм, муқовимат, масъулияти иҷтимоӣ ва нақши мардум дар тағйири сарнавишти ҷомеаро ба тасвир кашад; мавзуъҳое, ки барои мухотабони Тоҷикистон — ки солҳои пеш таҷрибаи истибдоди Шӯравӣ ва ҳокимони золимро аз сар гузаронидаанд — низ ошно ва қобили дарканд, зеро бар таҷрибаҳои муштараки инсонӣ ва иҷтимоӣ такя доранд.
Бар асоси ҷадвали пахши iFilm2, сериали «Ҷалол» аз душанбе, 5 январи соли 2026, ҳар рӯз соати 18:30 ба вақти Душанбе, аз ин шабака пахш хоҳад шуд.