نشرات زنده
فارسی English عربي
71
-
الف
+

Тамошо кунед; филми синамоии «Шоха гуле барои арӯс» панҷшанбе шаб аз iFilm2

Филми синамоии «Шохагуле барои арӯс» бо ривояте аз ишқ, фиреб ва тасмимҳои сарнавиштсоз, панҷшанбешаб аз шабакаи iFilm2 рӯйи антен меравад.

Шабакаи iFilm2 рӯзи панҷшанбе, 1 январ, пахши филми синамоии «Шохагуле барои арӯс»-ро дар ҷадвали барномаҳои худ қарор додааст; филме комедӣ-ошиқона ва иҷтимоӣ аз синамои Эрон, ки соли 2004 сохта шуда ва ба баррасии печидагиҳои ишқ, интихоб ва сарнавишт дар зиндагӣ мепардозад.

Ба гузориши iFilm2, филми «Шохагуле барои арӯс»-ро Қудратуллоҳ Сулҳмирзоӣ навишта ва коргардонӣ кардааст ва дар он бозигарони шинохтае чун Сайид Ҷавод Разавиён, Маҷид Солеҳӣ, Ҳадис Фӯлодванд, Маҳдӣ Аминихоҳ, Робиа Ускӯӣ, Зуҳра Ҳамидӣ, Меҳрон Раҷабӣ ва Шарора Дуруштӣ нақшофаринӣ намудаанд.

Дар хулосаи достони филм омадааст, ки Султоналӣ, марди содадил ва деҳотӣ, дилбохтаи духтари сарватманде ба номи Озито аст ва барои расидан ба орзуяш тасмими издивоҷ бо ӯро мегирад; аммо Озито, ки ошиқи марде ба номи Саъид мебошад, вақте мефаҳмад, ки Саъид марди фиребкор ва бевафо аст, дар як гардиши сарнавиштсоз тасмимҳои тозае мегирад, ки хатти асосии қиссаро шакл медиҳад.

Ин филми синамоӣ бо забони ҳаҷвӣ ва унсурҳои иҷтимоӣ, мавқеиятҳои инсонӣ ва эҳсосиро дар қолаби як достони пурҳис ва ҳамзамон хандаовар ба намоиш мегузорад ва бори дигар фурсате фароҳам месозад, то мухотабон бо як асари маҳбуб ва хотираангез ҳамроҳ шаванд.

Пахши филми «Шохагуле барои арӯс» панҷшанбешаб соати 21:30 ба вақти Душанбе, аз шабакаи iFilm2 хоҳад буд.

نظر شما
ارسال نظر