Шабакаи Айфилм2 аз рӯзи шанбе, 27 декабр, пахши сериали «Афро»-ро оғоз мекунад; сериале иҷтимоӣ бо рӯйкарди воқеъгароёна, ки бо такя бар як достони хонаводагӣ ва пайванди он бо масоили муҳити зист, мекӯшад лояҳои пинҳони таъоруз миёни вазифа, ахлоқ ва зиндагии шахсиро ба тасвир кашад.
Ба гузориши Айфилм2, «Афро» ба коргардонии Беҳранг Тавфиқӣ ва маҳсули соли 2022, аз ҷумлаи осори телевизионии Эрон аст, ки бо сохторе ором, аммо пуртаниш, бинандаро ба даруни ривояти тадриҷӣ ва андешабарангез мебарад; ривояте, ки дар домани табиати зебои шимоли Эрон шакл мегирад ва аз ҳамон оғоз, рӯёрӯии инсон, масъулияти иҷтимоӣ ва муносибатҳои хонаводагиро меҳвари асосии худ қарор медиҳад.
Дар ин сериал, ҳунармандоне чун Маҳдӣ Султонӣ Сарвестонӣ, Фарибо Мутахассис, Пежмон Бозиғӣ, Рӯзбеҳ Ҳиссорӣ, Мино Ваҳид, Соро Боқирӣ, Насрин Бобоӣ ва Ҳомун Сайидӣ нақшофаринӣ кардаанд; таркибе аз бозигарони соҳибтаҷриба ва насли нав, ки ба бовари мунтақидон, ба шакле мутавозин дар хидмати пешбурди достон қарор гирифтаанд.
Қиссаи «Афро» гирди короктери ҷавоне ба номи Масъуд мегардад; нигаҳбон ва масъули ҳаёти ваҳш, ки зиндагии муштаракаш бо ҳамсараш, доктор Маҳтоб, аз оромиш ва тафоҳум дур шудааст. Издивоҷе, ки акнун ба нуқтаи буҳронӣ расида ва тасмими ҷудоӣ сояи худро бар зиндагии ин ҷуфт андохтааст. Дар шароите, ки ба назар мерасад ҳанӯз имкони дарки мутақобил ва тармими равобит вуҷуд дорад, ҳодисае ғайримунтазира ва даҳшатнок ҳама чизро дигаргун месозад.
Сериали «Афро» бо пардохт ба мавзуъоти ҳифзи табиат, қонун, масъулияти фардӣ ва фурӯпошии тадриҷии равобити хонаводагӣ, мекӯшад тасвире чандлоя аз ҷомеаи имрӯза ироа диҳад; тасвире, ки дар он тасмимҳои хурд метавонанд паёмадҳои бузург ва гоҳе ҷуброннопазир ба ҳамроҳ дошта бошанд.
Қобили зикр аст, ки сериали «Афро» дар ҷадвали пахши Айфилм2 ҷойгузини сериали «Оқои Қозӣ 2» мешавад. Замони пахши ин асар ҳар рӯз соати 20:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон, аз шабакаи Айфилм2 хоҳад буд.