نشرات زنده
فارسی English عربي
29
-
الف
+

iFilm2 филми «Марями муқаддас»-ро барои мухотабони форсизабон пахш мекунад

Филми синамоии «Марями муқаддас» дар остонаи мелоди ҳазрати Масеҳ (а) аз шабакаи ҷаҳонии iFilm2 пахш мешавад.

Ба гузориши iFilm2, филми таърихӣ ва мазҳабии «Марями муқаддас» рӯзи панҷшанбе, 25 декабр, аз шабакаи ҷаҳонии iFilm2 пахш мегардад; асаре мондагор, ки яке аз ривоятҳои муҳимми таърихи адёни илоҳиро бозофаринӣ мекунад.

«Марями муқаддас» ба нависандагӣ ва коргардонии Шаҳриёр Баҳронӣ ва маҳсули соли 2000 мебошад; филме, ки бо ҳузури беш аз навад ҳунарпеша офарида шуда, аз барҷастатарин осори таърихии синамои Эрон ба шумор меравад. Ин филм кӯшидааст бо такя бар ривояти қуръонӣ ва фазосозии таърихӣ, достони ошноро бо баёне тасвирӣ ва драмавӣ пеши назари мухотаб қарор диҳад.

Қиссаи филм дар фазои пурташаннуҷи Уршалим оғоз меёбад; ҷое ки мардум дар интизори зуҳури Масеҳи мавъуд ҳастанд ва ин интизорӣ дар дили золимони замон тарс афкандааст. Аммо бар хилофи интизори умум, навзоде, ки чашм ба ҷаҳон мекушояд, духтарест ба номи Марям. Модаре, ки пеш аз таваллуди фарзандаш назр кардааст ӯро то расидан ба балоғат ба хидмати маъбад бисупорад, Марямро ба маъбад мебарад; дар ҳоле ки то он замон ҳузури духтарон дар маъбад амре бесобиқа буд. Закариё, бо вуҷуди мухолифати рӯҳониёни яҳуд, талош мекунад Марям дар маъбад боқӣ бимонад ва ба тадриҷ, бо нишонаҳо ва илҳомоте, ки ба Марям мерасад, таваҷҷуҳи мардум беш аз пеш ба сӯи ӯ ҷалб мегардад; рӯйдодҳое, ки сарнавишти ин бонуи баргузидаро рақам мезананд.

Дар ин филм ҳунарпешаҳое чун Шабнам Қулихонӣ, Парвиз Пурҳусайнӣ, Муҳаммад Косибӣ, Ҷаъфар Деҳқон, Ашкон Порсо, Афсона Носирӣ, Заҳро Саъидӣ, Маҳдӣ Фақиҳ ва Ҳусайн Ёрӣ нақшофаринӣ кардаанд ва ҳар як дар шаклгирии фазои таърихӣ ва маънавии достон саҳм доштаанд.

Филми синамоии «Марями муқаддас» рӯзи панҷшанбе, 25 декабр, соати 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи ҷаҳонии iFilm2 пахш мешавад; филме, ки бо ривояти имон, сабр ва интихоб, мухотабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро бо достоне муштарак ва фаротар аз марзҳо ҳамроҳ месозад.

نظر شما
ارسال نظر