Ба гузориши Айфилм 2, гоҳе як сериали таърихӣ ва ошиқона танҳо бо ривоят ва бозии ҳунарпешагонаш дар зеҳн намемонад, балки ин мусиқии тетражи он аст, ки эҳсоси достонро ҷовидона месозад. Дар сериали «Бум ва Бону», садои Шаҳоб Музаффарӣ дар тетражи поёнӣ нақше фаротар аз ҳамроҳии тасвир ёфта, ба бахше аз ҳувияти эҳсосии ин қисса табдил шудааст; овозе, ки андӯҳ, ишқ ва дилтангии нуҳуфта дар достонро бо бинанда ҳамнафас месозад.
Сериали «Бум ва Бону» ба коргардонии Саъид Султонӣ ва маҳсули соли 2020, ривояти таърихӣ ва ошиқонаро дар миёни таҳаввулоти иҷтимоии сад сол қабли Эрон пеш мебарад. Қисса зиндагии як хонаводаи соҳиби нуфузро дунбол мекунад, ки дар гиреҳи ҳодисаҳо ва тасмимҳои душвор қарор мегиранд; интихобҳое, ки бештар аз ҳама ба сарнавишти духтари ҷавони хонавода соя меандозад. Духтаре, ки дар ҷустуҷӯи оянда ва роҳи зиндагии худ, миёни ишқ, ӯҳдадорӣ ва фишорҳои замона гирифтор мешавад ва бояд барои қарорҳояш ҳазинаи эҳсосӣ ва иҷтимоӣ бипардозад.
Дар ин сериал, бозии ҳунармандоне чун Масъуд Ройгон, Дебо Зоҳидӣ, Фарибо Мутахассис, Соғар Қаноат, Маҳдӣ Аҳмадӣ, Раҳим Нурӯзӣ, Беҳном Ташаккур, Шиво Хунёгар, Кова Худошинос, Амир Ғафформаниш ва Отило Песиёнӣ ба ривоят умқ ва қобилияти боварпазирии бештар бахшидааст. Омезиши бозиҳо бо фазои таърихӣ ва равобити мураккаби инсонӣ, достонеро шакл додааст, ки барои бинандаи имрӯз ҳам қобили дарк ва наздик мемонад.
Пахши «Бум ва Бону» аз Айфилм 2 барои бинандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имконияте фароҳам овардааст то як достони инсониро дар қолаби таърихӣ дунбол кунанд; достоне, ки нигарониҳои ишқ, интихоб ва сарнавиштро фаротар аз марзҳо ривоят менамояд. Дар ҳамин масир, мусиқии тетражи поёнӣ бо садои Шаҳоб Музаффарӣ, овозхони номдори эронӣ, тавонистааст эҳсосоти нуҳуфтаи ин ривоятро барҷастатар созад ва пайванди эҳсосии бинандаро бо қисса амиқтар гардонад.
Бо таваҷҷуҳ ба истиқболи густарда аз ин қитъаи мусиқӣ, Айфилм 2 дар ин гузориш клипи тетражи поёнии сериали «Бум ва Бону»-ро дар болои саҳифа дар ихтиёри мухотабон қарор додааст; овозе, ки бо мисраъҳое чун «ишқ як наққошии дилтанг рӯйи пардаҳост» ва «талх асту мехонам ин моҳи бедилро», бозтоби шоиронае аз ҷаҳони дарунии қаҳрамонони сериал ба шумор меравад ва фазои ошиқона ва андӯҳбори достонро комил мекунад.
Дар ҳоли ҳозир сериали «Бум ва Бону» ҳар шаб ба ҷуз панҷшанбеҳо соати 22:30 ба вақти Душанбе аз Айфилм 2 пахш мешавад ва бинандагон метавонанд ҳамзамон бо дунбол кардани қисса, шунавандаи мусиқии таъсиргузори тетражи поёнии он низ бошанд.