Ба гузориши Айфилм 2, дар рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе, мувофиқ ба 23 ва 24-уми декабр, дар ҷадвали пахши барномаҳои ин шабака тағйирот ба вуҷуд меояд.
Тибқи ин тағйирот, пахши сериали хандаовари «Поварчин» рӯзи сешанбе ва бозпахши он рӯзи чоршанбе қатъ мегардад ва ба ҷойи он, як қисм аз эпизодҳои сериали «Қиссаҳои Тибён» рӯзи сешанбе соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм 2 пахш хоҳад шуд.
Ҳамчунин пахши сериали «Маъмури Бадрақа» рӯзи сешанбе қатъ шуда, ба ҷойи он сериали «Дар қиссаҳо зиндагӣ мекунанд» соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз ин шабака рӯйи мавҷ меравад.
Бинандагони Айфилм 2 метавонанд барои огоҳӣ аз охирин тағйироти ҷадвали пахши сериалҳо ва барномаҳо ба бахши «Ҷадвали пахш» дар сомонаи расмии ин шабака муроҷиат намоянд.