نشرات زنده
فارسی English عربي
101
-
الف
+

Аз аксион то таърихӣ; шумо кадом жанрҳоро барои АйФилм 2 мувофиқ медонед?

Салиқаи шумо нақши муҳим дар ояндаи барномаҳои АйФилм 2 дорад; аз шумо мепурсем, ки кадом жанрҳо ба шумо писанд меояд.

Дар ҷаҳони ривоятҳо, он ҷо ки ҳар филм ва сериал метавонад даре бошад ба рӯйи ҷаҳони тоза, АйФилм2 худро ҳамеша ҳамроҳ ва ҳамсуҳбати шумо медонистааст. Бахши «Дидгоҳи шумо» аз ҳамин бовар ба вуҷуд омадааст; фурсати шунидани овози гарм ва назари шумо, барои наздик шудан ба салиқа ва хоҳишҳое, ки ояндаи барномасозии ин шабакаро равшантар мекунад. Мо бовар дорем, ки сохтани барномаҳои дилнишин танҳо вақте имконпазир аст, ки назари мардуме, ки ин шабакаро хонаи расонаи худ медонанд, шунида шаванд.

Ба ҳамин хотир, аз шумо мепурсем, ки АйФилм2-ро чӣ тавр писанд доред ва чӣгуна барномасозӣ барои шумо ҷалб кунанда аст? Оё дунёи пурҳаяҷони аксион шуморо ҷалб мекунад ё достонҳои хонавода ва иҷтимоиро дӯст медоуред? Шояд комедияҳои фараҳбахш барои шумо хушояндтар бошад ё филмҳо ва сериалҳои таърихӣ ва моҷароҷуёна - шуморо бештар писанд меояд. Ҳар чӣ бошад, ин салиқаи шумо аст, ки метавонад роҳи тозае барои АйФилм2 гушояд. Аз шумо мепурсем, ки аз шабакаи АйФилм2 чӣ намуди барномасозӣ ва кадом филм ва сериалҳоро интизор доред ва фикр мекунед, ин шабака бояд бештар ба кадом жанрҳо корҳои худро равона кунад.

Барои шарик сохтани дидгоҳи худ, кофист, ки ба бахши «Дидгоҳи шумо» дар вебсайти АйФилм2 ташриф оред ва назари худро барои мо сабт намоед. Назароти шумо барои мо танҳо як назар нест; чароғе аст барои сохтани барномаҳое, ки бо дили шумо ва назари шумо наздик бошад.

Мо бовар дорем, ки иштироки шумо аз муҳимтарин сутунҳои шукуфоии АйФилм2 мебошад. Ҳар назари шумо метавонад равзанае нав барои барномасозӣ боз кунад, жанрҳоро муфид созад ва ин шабакаро ба антени дилхоҳи шумо наздиктар намояд. Ин овози шумо аст, ки АйФилм2-ро маъқултар ва дилнишинтар мекунад.

نظر شما
ارسال نظر