نشرات زنده
فارسی English عربي
61
-
الف
+

Шоҳмансури Шоҳмирзо: ifilm2 пули зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва забони форсӣ дар Тоҷикистон

Шоҳмансури Шоҳмирзо дар бораи ҷойгоҳи иди Қурбон дар қалби мардуми Тоҷикистон сухан гуфт ва ifilm2-ро пули ҳифзи забон ва фарҳанги форсӣ арзёбӣ кард.

Ба гузориши ifilm2, Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар барномаи махсуси идонаи ifilm2 ба муносибати иди саиди Қурбон, аз аҳаммияти ин рӯзи бузург дар миёни мардуми Тоҷикистон гуфт ва суннату одатҳои хоси ин иди фархунда дар кишварашро муаррифӣ намуд.
Шоҳмирзо гуфт: «Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги исломӣ аст, ки дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои мусулмонӣ бо шукӯҳи зиёд ҷашн гирифта мешавад. Мардум намози идро соати аввалияи субҳ адо мекунанд ва пас аз он ба қурбонии ҳайвонҳо мисли гӯсфанд ё гов мепардозанд. Дар шаҳри Душанбе намози ид соати 5.45 дақиқаи субҳ дар бузургтарин масҷиди пойтахт баргузор мешавад.
Ӯ бо ишора ба ҳикмати иди Қурбон гуфт: «Моҳияти ин ид ташвиқ ба саховатмандӣ, некӣ, кӯмак ба муҳтоҷон ва наздикӣ ба даргоҳи Худо мебошад. Дар ин рӯз мардум кӯшиш мекунанд беҳтарин либосҳояшонро пӯшанд ва дар хонаҳо суфраҳои махсуси идона паҳн кунанд. Меҳмоннавозӣ дар ин рӯзҳо барҷаста аст ва ҳама бо ҳар қувваи молӣ беҳтаринҳоро пешкаш мекунанд.
Ин коршиноси фарҳангӣ бо ишора ба одатҳои иҷтимоии тоҷикон афзуд: «Дар се рӯзи аввали ид мардум аввал ба зиёрати қабрҳо ва мақбараҳо мераванд, сипас беморон ва хонаводаҳое, ки аз даст додани азизон доранд, аёдат мекунанд. Нонҳои махсуси ид, ки дар ҳар минтақа номҳои хоси худро доранд, мисли "Бурак" дар шимол ва "Арзух" дар ҷануби Тоҷикистон дар рӯйи суфра мегузоранд. Кӯдакон ҳам интизори гирифтани идӣ аз калонсолони оилаанд.
Шоҳмирзо бо ситоиши суннатҳои нек дар солҳои охир гуфт: «Бо таъкиди Раиси ҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, суннатҳои нав мисли назорат бар нархи молҳо дар арафаи ид, пешгирӣ аз болоравии нархҳо ва таъсиси марказҳои махсус барои қурбонӣ барои тоза нигоҳ доштани муҳит дар Тоҷикистон роиҷ шудаанд.
Ӯ дуои маъруфи мардумро дар ин рӯзҳо чунин нақл кард: «Худоё, Худовандо, моро ба сад солу моҳи бенуқсон бирасон!
ifilm2; расонаи ҷаззоб дар Тоҷикистон
Шоҳмансури Шоҳмирзо дар идомаи суҳбати худ дар барномаи идонаи ifilm2, ҷойгоҳи ин шабакаи телевизионӣ дар миёни мардуми кишварашро шарҳ дод ва нақши онро дар муаррифии фарҳанги муштараки форсизабонон барҷаста донист.
Ӯ гуфт: «Дар замоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндагии мо ворид шудаанд, ifilm2 ҳанӯз мавқеи худро нигоҳ медорад. Ин шабака бо муаррифии решаҳои фарҳангии муштарак, барои мардуми Тоҷикистон бисёр дӯстдоштааст. ifilm2 на танҳо ҳикоягари тамаддуни куҳан аст, балки дар пайванду иттиҳоди форсизабонони ҷаҳон низ нақши муҳим мебозад.
Шоҳмирзо таъкид кард: «Таблиғи забони форсӣ бояд андешаи ҳар форсизабон бошад. Агар барои рушди ин забон талош накунем, шояд тақдири забони форсӣ дар Ҳинд пеши рӯи мо бошад. Мо бояд даст ба даст диҳем, то забони форсӣ зинда ва пӯё бимонад.

نظر شما
ارسال نظر