Ба гузориши iFilm 2, сериали маъруфи эронии «Пойтахт 7» аз чаҳоршанбеи 27 майи соли 2025 ҳар шаб соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 ба намоиш медарояд.
«Пойтахт 7» ба коргардонии Сирус Маққадам ва бо сенарияи Ареш Аббосӣ ва бо нақшаи Маҳсин Танобанда таҳия шудааст. Ҳикоя дар ин фасл бо саргузашти ҷолиби аъзои оилаи «Маъмулӣ» идома меёбад: «Соро» ва «Нико» дар остонаи издивоҷ қарор доранд ва «Нақӣ» барои онҳо шартҳои сахт мегузорад. Ҳамзамон, дар шаби маъракаи «Арасту» бо ҳамсари наваш, як санги осмонӣ ба манзили онҳо меафтад, ки боиси рӯй додани сужаҳои ғайриинтизор ва ҳаҷвӣ мегардад.
Аз дигар ҷиҳат, ҳузури ҳунарпешаҳои тоҷик дар ин фасл, таваҷҷуҳи хосеро дар миёни тамошобинони тоҷикистонӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин фасл Қурбон Собир дар нақши «Шамшер» (падари Давлат), Моҳпайкар Ёрова дар нақши «Латофат» (модари Давлат), Таҳмина Раҷабова дар нақши «Чаман» (хоҳари Давлат) ва Мануҷеҳр Ҳабибов дар нақши «Давлат» (шавҳари Нико Маъмулӣ) ҳунарнамоӣ кардаанд.
Ҳамчунин, номҳои маъруфи синамои Эрон низ дар ин фасл ба чашм мехӯранд: «Муҳсин Танобанда», «Римо Роминфар», «Аҳмад Меҳронфар», «Насрин Нусратӣ», «Ҳумон Ҳоҷиабдуллоҳӣ», «Беҳром Афшорӣ», «Ҳидоят Ҳошимӣ», «Шиво Макиниён», «Салмон Хаттӣ», «Отиҳ Ҷовид», «Алӣ Аминиҳасанӣ», «Сано Ҳусейнӣ» ва «Суния Ҳусейнӣ».
Тибқи дархости бешумори мухлисони тоҷики шабакаи iFilm 2, ки хоҳони пахши фасли нави «Пойтахт» бо иштироки ҳунармандони тоҷикистонӣ буданд, акнун ин хоҳиш амалӣ мешавад.
Шабакаи iFilm 2 тавассути моҳвораҳои зерин қобили дарёфт мебошад:
Яҳсат (TurkmenÄlem 52°E): 11205 MHz, Symbol Rate: 2500, Polarization: Horizontal (H)
Бадр (Arabsat 26°E): 12284 MHz, Symbol Rate: 30000, Polarization: Vertical (V)
«Пойтахт 7» бо таркиби комёби мазҳака ва танқиди иҷтимоӣ, ҳамзамон бо истифода аз сабки коргардонӣ ва ҳунармандии аъло, метавонад ба як таҷрибаи фаромӯшношаванда барои мухлисони тоҷик табдил ёбад.