نشرات زنده
دانلود اپلیکیشن اندروید دانلود اپلیکیشن اندروید
فارسی English عربي
46
-
الف
+

Нашри сериали таърихӣ ва ошиқонаи "Дар чашми бод" аз ҷониби iFilm2

Сериали "Дар чашми бод" таҳти коргардонии "Масъуди Ҷаъфари Ҷузонӣ" ба зудӣ дар шабакаи iFilm 2 пахш мешавад.

Ба гузориши iFilm2, бо анҷоми Сериали "Шавқи парвоз", ки ҳоло пахш мешавад, сериали таърихии "Дар Чашми Бод" таҳти коргардонии "Масъуди Ҷаъфари Ҷузонӣ" аз рӯзи чаҳоршанбе 4-уми  Меҳр (26 сентябр) дар шабакаи iFilm 2 пахш мешавад.

Сериали "Дар чашми бод" достони зиндагии як хонаводаи эронӣ аст, ки рӯйдодҳо ва лаҳзаҳои талху ширини зиндагии онҳо аз ҳудуди як қарни пеш дар қиёми яке аз муҷоҳидони эронӣ бо номи "Мирзо Кучакхони Ҷанглӣ" ки дар баробари истилогарони англис дар ҷангалҳои шимоли Эрон то озод карда шудани шаҳри Хуррамшаҳр дар ҷанги Эрон ва Ирок нақш доштаастро ба тасвир мекашад.

Вокеа вакте оғоз меёбад, ки «Мирзо Кучакхони Ҷангалӣ» дар шимоли Эрон шуриш мекунад, ҳукумати маҳаллиро ташкил мекунад ва ҷумҳурият эълон мекунад. Бо ин амал даврони пурсарусадои таърихи муосири Эрон оғоз мешавад, ки се давраи таърихи Эрон, аз ҷумла даврони Қоҷор, Паҳлавӣ ва Ҷумҳурии Исломиро бозгӯ мекунад.

Дар мухтасари ин силсила гуфта мешавад; «Ҳасани Эронӣ», ки дӯсти Мирзо Кучакхон Ҷанглӣ аст, пас аз марги Мирзо бо аҳли хонаводааш ба Теҳрон рафт ва бо кушодани чопхона фаъолияти сиёсии худро идома дод. Эронӣ се писару як духтар дорад, ки дар миёни онҳо яке аз писаронаш бо номи "Бежан" халабонӣ ва дигаре бо номи "Нодир" машғули тиҷорат мебошад ва...

"Порсо Пирузфар", "Нюшо Зиғамӣ", "Комбиз Дербоз", "Саъид Никпур", "Фахруддин Сидиқ Шариф", "Лола Эскандарӣ", "Акбар Абдӣ", "Арсалон Қосимӣ", "Бито Тавакулӣ", "Пурё Пурбаҳромӣ" ", "Ҷаҳонгир Алмасӣ", "Муҳаммадризо Ҳидоятӣ", "Саҳар Ҷаъфари Ҷӯзонӣ", "Ризо Шафиъи Ҷам", "Гилора Аббосӣ", "Фарибо Мутихасис", Зинда Ёд "Моҳчеҳра Халилӣ", "Меҳдӣ Косасоз", "Ҳуман Сайидӣ", "Сом Дурахшонӣ", Зинда Ёд "Саъид Род", "Мустафо замонӣ", "Симо Тирандоз" ва ҳунармандони тоҷик ба монанди "Ситора Сафаров", Зинда Ёд "Ҳабибуллоҳ Абдулраззоқ" ва "Латофат Юсуфӣ" аз ҷумла ҳунармандоне мебаранд ки дар ни сериал нақш доштаанд.

Сериали "Дар чашми бод" аз рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми Меҳр (26 сентябр), ба ҷуз рӯзи панҷшанбе, ҳар шаб дар соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Тоҷикистон дар шабакаи IFilm 2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر