نشرات زنده
دانلود اپلیکیشن اندروید دانلود اپلیکیشن اندروید
فارسی English عربي
45
-
الف
+

"Шаҳриёр"; Омадӣ ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?

Дар ин гузориш шумо як бахш аз сериали "Шаҳриёр"-ро ба муносибати ҳифзи забон ва адабиёти форсӣ дар Эрон тамошо хоҳед кард.

Ба гузориши IFILM 2, адабиёти форсӣ яке аз сарватмандтарин адабиёти ҷаҳон аст ва бузургтарин суханпардозони шеъру адабро дар худ ҷой дода, ки зеботарин осори башариро ба ҷаҳониён пешкаш кардаанд.

Забон ва адабиёти форсӣ ба унвони забони дуввуми ҷаҳони ислом бо ҳазорон осори бузург дар бахшҳои мухталифи адабӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, каломӣ, таърихӣ, ҳунарӣ ва мазҳабӣ ҳамеша таваҷҷуҳи мардуми кишварҳои дуру наздикро ба худ ҷалб кардааст.

Ин таваҷҷуҳ гувоҳӣ медиҳад, ки дар умқи забон ва адабиёти форсӣ он қадар маъниҳои амиқ ва мавзӯъҳои ҷолиби илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ вуҷуд дорад, ки ҳар фарди огоҳ ба таври худкор қалби худро ба форсӣ ва захираҳои дар он мавҷудбуда месупорад.

Агар чунин намебуд, дар бораи осори ҷовидона ва ҷаҳонии адабиёти форсӣ аз қабили «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Ҳаким Низомӣ Ганҷавӣ, «Гулистону Бӯстон»-и Шайх Аҷал (Саъдӣ), «Маснавии Мавлоно» Ҷалолиддини Балхӣ, ғазалиёти «Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ» ва Рубоъиёти Ҳаким «Умари Хайём» ҳазорон китоб ва мақолаҳои бисёр тарҷума ва таълиф намешуд.

Рӯзи бисту ҳафтуми шаҳивармоҳ (17 сентябр), солгарди даргузашти "Муҳаммадҳусейн Беҳҷати Табрезӣ" маъруф ба "Шаҳриёр", шоири маъруфи муосир, ба унвони рӯзи назму адаби форсӣ ном бурда мешавад. Дар ин рӯз шоирону нависандагон аз кишварҳои мухталифи форсизабон бо баргузории барномаҳои мухталиф, шеъру адаби форсиро гиромӣ медоранд.

Сайид Муҳаммадҳусайни Беҳҷати Табрезӣ ки дар 11-уми Ҷади соли 1285 ҳиҷрӣ (2 январ 1907) ба дунё омадааст, шоири эронӣ аз Табрез буд.

Ӯ ба забонҳои туркӣ, озарбойҷонӣ ва форсӣ шеър эҷод кардааст. Шаҳриёр соли 1921 барои идомаи таҳсил аз Табрез ба Теҳрон рафт ва то соли 1924 дар мактаби Дорулфунун ва сипас дар улуми тиб идомаи таҳсил дод. Вай тақрибан шаш моҳ пеш аз гирифтани унвони докторӣ бо сабаби нокомии дар ишқ, изтироби эмотсионалӣ ва дигар ҳодисаҳо таҳсилро тарк кард.


Донишгоҳи Табрез Шаҳриёрро аз ҳомиёни шеъру адаби эронӣ номид ва ба ӯ унвони доктори фахрии факултаи адабиётро низ ато намуд.

Ифодаи нозук, содда, ҳамвор ва ҷолиби вожаҳо хусусияти ашъори Шаҳриёр аст. Шаҳриёр дар сурудани навъҳои гуногуни шеъри форсиро, аз қабили қасида, маснавӣ, ғазал, порча, чаҳоргона ва муосир низ табаҳҳур доштааст. Аммо ӯ бештар аз ҳама дар сурудани ғазал шӯҳрат дошт. Аз чумла ғазалҳои машҳураш «Алӣ эй ҳумоии Раҳмат» ва «Омадӣ ҷонам ба қурбант»-ро метавон ном бурд.

Устод Шаҳриёр дар 27-уми шаҳривар 1367 (18 сентябр1988)  даргузашт. Муҳимтарин осори Устод Шаҳриёр шеъри «Ҳайдарбоба асалом» мебошад.

نظر شما
ارسال نظر