نشرات زنده
دانلود اپلیکیشن اندروید دانلود اپلیکیشن اندروید
فارسی English عربي
290
-
الف
+

"Тошқурғон", дараи пурасрор дар қалби кӯҳҳои Ҳиндукуш + тасвирҳо

Дар ин гузориш шумо бо "Тошқурғон", яке аз дараҳои маъруфи Афғонистон, дар 60-километрии вилояти Балх шинос хоҳед шуд.

Ба гузориши iFilm 2, водиҳо ва дараҳо ба далели ҷозибаҳои табиии афсонавӣ яке аз омилҳои аслии ҷалби сайёҳон буда, дар ҳар ҷое, ки онҳо воқеъ бошанд, сайёҳону мусофиронро ҷалб мекунанд.


Афғонистон низ аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб мешавад, ки ба далели кӯҳистонӣ будани аксари манотиқаш дар он водиҳо ва дараҳои зиёде вомехӯранд ва бесабаб нест, ки ин кишвар ба унвони “сарзамини дарраҳо” маъруф аст.


Кӯҳҳои пай дар пай ва баланди Ҳиндукуш ва шохаҳои он, ки тақрибан 64%-и қаламрави Афғонистонро дар бар мегиранд, сабаби пайдоиши водиҳои зиёде дар ин кишвар шудааст.


Дар ноҳияи "Тошқурғон" ё "Хулм" яке аз дараҳои маъруфи Афғонистон, дар 60-километрии вилояти Балх воқеъ аст, ки ҳашамати сангҳои азим ва девормонандаш чашми ҳар бинандаро хира мекунад.


Ин гулӯгоҳ, ки миёни вилоятҳои Балх ва Самангон ҷойгир аст, бузургтарин гузаргоҳест, ки чаҳор вилояти шимолии Афғонистонро бо марказ ва вилоятҳои шимолу шарқии ин кишвар пайванд додааст.


Доктор "Муҳаммад Ҳусейн Ямин" дар китоби "Афғонистони торихӣ, фалсафаи номгузории шаҳрҳо, шаҳракҳо, кӯҳҳо ва баҳрҳо" дар бораи фалсафаи номгузорӣ Хулм нақл кардааст, ки Хулм номи бостонӣ ва қадимии Тошқурғон мебошад.


Калимаи Хулм дар мавриди ин шаҳр замоне ба кор бурда шуд, ки ин шаҳрро маликае, ки бо лақаби “Шаҳ Бону” маъруф буд ва ба далели зулми бузурге кардааст, Хулм номидааст. Дар замони ҳукмронии "Шаҳи Бону" ин минтақаҳо бо номи минтақаҳои Фиръавн низ шӯҳрат доштааст.

Ҳамчунин, наҳри таърихие дар шимоли Хулм, ки аз Қундуз то Мазоршариф шонздаҳ километр тӯл кашида, манотиқи Хулмро сабзу тару тоза мегардонад, ҳоло ҳам бо номи "Наҳри Зулмобод" маъруф аст.


Хоки ноҳияи Хулм табиатан сахт ва часпак аст, ки то андозае аз расидани об ба замин монеъ мешавад ва метавонад омили дигаре барои номгузории ин шаҳр бошад, зеро Хулм ба маънои лойи тира ва часпак низ аст.

"Тошқурғон" вожаи туркист, ки аз вожаҳои "тош" ба маънои "санг" ва "қурғон" ё "қарқон" ба маънои посбон сохта шудааст.

«Тошқурғон» дар давраҳои гуногун сарфи назар аз харобиҳои сершумори ёдгориҳои таърихию бостонии худ, ки таваҷҷӯҳи бештари муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст, бетағйир боқӣ мондааст.

 

نظر شما
ارسال نظر