نشرات زنده
دانلود اپلیکیشن اندروید دانلود اپلیکیشن اندروید
فارسی English عربي
137
-
الف
+

Ҷангали абри Шоҳруди Эрон, ҷое ки замин ва осмон ба ҳам мерасанд

Ҷангали Абри Шоҳруд қисми қадимтарин ҷангалҳои Ҳирконӣ ба вусъати 35 ҳазор гектар дар ноҳияи шимоли кишвари Эрон мебошад ки бо номи уқёнуси абр шӯҳрат дорад.

Ба гузориши Айфилми 2,ҷангали абри Шоҳруд яке аз маъруфтарин ва зеботарин ҷозибаҳои табиъии Эрон ба шумор меравад ва барои уқиёнуси абре, ки дар замонҳои мухталифи сол даври онро мегирад, шӯҳрати зиёд пайдо кардааст.

Ҷангали Абри Шоҳруд қисми қадимтарин ҷангалҳои Ҳирконӣ мебошад ва намудҳои нодир ва беназири наботот ва ҳайвонотро дар худ ҷой додааст. Бо манзараҳои аҷоиби худ ҳар сол сайёҳон ва табиатгарони зиёдеро ба сӯи худ ҷалб мекунад.

Ин ҷангал, ки 35 ҳазор гектар масоҳат дорад, идомаи ҷангалҳои сарсабзи шимоли кишвар ба ҳисоб меравад ва барои уқёнуси абре, ки фазои онро иҳота мекунад, хеле машҳур шудааст.

Ин ҷо ҷое аст, ки замин ва осмон ба ҳам мерасанд; абрҳо дарахтонро дар оғуш мекашанд ва гоҳ ба назар мерасад замин бар қанотҳои осмон савор шудааст.

نظر شما
ارسال نظر