نشرات زنده
فارسی English عربي
98
-
الف
+

Филми «Пеш хоҳад омад»; вақте рӯйдодҳои хурд сарнавиштсоз мешаванд

Филми телевизионии «Пеш хоҳад омад» бо ривояти ба ҳам пайвастани сарнавишти се инсон, ин ҳафта аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

Филми телевизионии «Пеш хоҳад омад» ба коргардонии Беҳрӯз Шуайбӣ рӯзи панҷшанбе, 18-уми июни соли 2026 аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.
Ин филми иҷтимоӣ, ки бар асоси филмномаи Муно Анваризода таҳия шудааст, ривоятгари инсонҳоест, ки дар як лаҳзаи ҳассоси зиндагии худ қарор гирифтаанд; ҷое ки як тасмим ё як рӯйдод метавонад роҳи ояндаи онҳоро ба куллӣ дигаргун созад.
Достони «Пеш хоҳад омад» зиндагии се қаҳрамон бо номҳои Ғулом, Ово ва Беҳномро пайгирӣ мекунад. Ҳар яке аз онҳо бо мушкили ҷиддие рӯбарӯ ҳастанд ва барои ҳаллу фасли он вақти чандоне дар ихтиёр надоранд. Аммо тақдир роҳи зиндагии ин се нафарро ба шакли ғайричашмдошт ба ҳам мепайвандад ва воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки нигоҳу муносибати онҳоро ба зиндагӣ тағйир медиҳанд.
Беҳрӯз Шуайбӣ, ки бештар бо осори инсонмеҳвар ва қаҳрамонпарваронааш шинохта мешавад, дар ин филм низ ба муносибатҳои инсонӣ, интихобҳои сарнавиштсоз ва таъсири рӯйдодҳои хурд ба зиндагии афрод таваҷҷуҳ кардааст. Ривояти сода, вале таъсиргузори асар бинандаро бо масъалаҳое рӯбарӯ месозад, ки дар ҳар ҷомеа қобили дарк мебошанд.
Дар ин филм Сиёмак Сафарӣ, Маҳдӣ Саббоғӣ, Якто Носир, Ҷавод Иззатӣ, Шиво Иброҳимӣ, Лайло Шавқӣ, Алиризо Замонӣнасаб ва Мустафо Сосонӣ нақш офаридаанд. Ҳузури ин ҳунармандон дар канори фазои воқеъгароёнаи достон, ба боварпазирии бештари ривоят мусоидат намудааст.
«Пеш хоҳад омад» асарест дар бораи умед, маънавиёт, фурсатҳои дубора ва таъсири сарнавишт бар зиндагии инсонҳо; мавзӯъе, ки метавонад барои бинандагони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷолиб ва қобили дарк бошад.
Бар асоси ин гузориш, филми телевизионии «Пеш хоҳад омад» рӯзи панҷшанбе, 18-уми июни соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر