نشرات زنده
فارسی English عربي
8
-
الف
+

Аз розҳои оилавӣ то оштиву интиқом; қисмати охирини «Ситоиш 3» имшаб дар iFilm2

Имшаб қисмати ниҳоии сериали «Ситоиш 3» аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад, то тамошобинон аз анҷоми саргузашти Ситоиш ва Ҳишмати Фирдавс огоҳ шаванд

Розҳои пинҳонӣ, интиқом, фарозу нишебиҳои зиндагии оилавӣ ва талош барои барқарор кардани оромӣ дар қисмати охирини сериали «Ситоиш 3» ба нуқтаи анҷом мерасанд. Қисмате, ки имшаб тамошобинони iFilm2-ро бо сарнавишти ниҳоии қаҳрамонҳои ин қисса ошно мекунад.

Ба гузориши iFilm2, қисмати охирини сериали телевизионии «Ситоиш 3» имрӯз, якшанбе, 29 ноябри соли 2026, соати 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе аз ин шабака пахш мешавад.

Дар мавсими сеюми ин сериал, Ҳишмати Фирдавс, ки барои барқарор кардани обрӯ ва дороиҳои аздастрафтааш талош мекунад, бо кумаки наберааш Муҳаммад бори дигар ба зиндагии Ситоиш наздик мешавад ва дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунад. Аммо ин наздикӣ дар пасманзари ихтилофҳои гузашта, розҳои оилавӣ ва паёмадҳои қарорҳои талх ба осонӣ пеш намеравад.

Аз сӯи дигар, нақшаҳои Парисимо барои соҳиб шудан ба дороиҳои хонаводаи Фирдавс бо паёмадҳои сангин рӯ ба рӯ мешаванд. Пас аз марги Собир ва ошкор шудани бахше аз розҳои пинҳонӣ, Ҳишмати Фирдавс бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мегардад. Ҳамзамон, барқарор шудани қобилияти сухан гуфтан дар Анис вазъро барои Парисимо боз ҳам печидатар мекунад. Дар қисмати ниҳоӣ сарнавишти ин кашмакашҳо ва муносибатҳое, ки дар тӯли қисса борҳо тағйир ёфтаанд, ба марҳилаи ҳалкунанда мерасад.

Сериали «Ситоиш 3» бо коргардонии Саъид Султонӣ ва сенарияи Саъид Матлабӣ соли 2019 таҳия шудааст. Дориюш Арҷманд, Наргис Муҳаммадӣ, Маҳдӣ Сулукӣ, Лола Марзбон, Симо Тирондароз, Фарибо Нодирӣ, Фарҳод Ҷам ва Амирмуҳаммад Занд аз ҷумлаи ҳунармандони ин сериал мебошанд.

Ин сериал дар се мавсим саргузашти зиндагии Ситоиш , хонаводаи ӯ ва Ҳишмати Фирдавсро ба тасвир кашидааст. Муносибатҳои оилавӣ, интихоби душвор, фиреб, вафодорӣ ва паёмадҳои қарорҳои инсонӣ аз мавзуъҳои асосии ин қисса мебошанд.

Бо анҷоми намоиши «Ситоиш 3», аз фардо сериали телевизионии «Паргор» ҷойгузини он мешавад. Ин сериал бо нақли саргузашти се хонавода ва бозтоби мушкилоти наврасон, муносибатҳои оилавӣ ва осебҳои иҷтимоӣ, фасли тозаеро дар барномаҳои ҳикоявии iFilm2 оғоз мекунад.

نظر شما
ارسال نظر