نشرات زنده
فارسی English عربي
11
-
الف
+

Сарнавишти се оила дар сериали «Паргор» ба ҳам мепайвандад

Шаҳром Шоҳҳусайнӣ дар сериали «Паргор» қиссаи се оиларо нақл мекунад, ки ҳодисаҳои зиндагӣ сарнавишти онҳоро ба ҳам мепайвандад. Ин сериали иҷтимоӣ ба ifilm2 меояд

Сериали иҷтимоии «Паргор», ки қиссаи се оила ва мушкилоти зиндагии наврасонро ба тасвир мекашад, аз рӯзи душанбе, 30 ноябри соли 2026, дар шабакаи «ifilm2» намоиш дода мешавад.

Ин сериали телевизионӣ бо коргардонии Шаҳром Шоҳҳусайнӣ қиссаи оилаҳоеро нақл мекунад, ки сарнавишташон дар ҷараёни рӯйдодҳои гуногун ба ҳам мепайвандад. Дар ин қиссаҳо, дар баробари муносибатҳои оилавӣ, ба ташвишу мушкилоти насли ҷавон ва масъалаҳое, ки метавонанд роҳи зиндагии наврасонро тағйир диҳанд, таваҷҷуҳ шудааст.

Яке аз меҳварҳои асосии қисса оилаест, ки барои идомаи таҳсили духтари калонии худ дар зинаи докторантура ба Теҳрон меояд. Аммо ин кӯчидан онҳоро бо ҳодисаҳо ва душвориҳои гуногун рӯ ба рӯ мекунад, ки на танҳо ба зиндагии шахсии ин оила, балки ба саргузашти ду оилаи дигар низ иртибот пайдо мекунанд.

«Паргор» дар баробари тасвири муносибатҳои оилавӣ, ба масъалаҳое чун осебҳои иҷтимоӣ дар муҳити мактаб, хатари паҳншавии маводи мухаддир дар байни наврасон, таъсири технология ба зиндагии хонандагон ва нақши волидон дар тарбияи фарзандон мепардозад. Ҳамчунин, шавқу рағбати ҷавонону наврасон, бахусус духтарон, ба ҳунари актёрӣ ва талоши онҳо барои расидан ба орзуҳояшон аз мавзӯъҳои дигари ин сериал аст.

Дар ин сериал ҳунармандоне чун Марҷона Гулчин, Фарибо Кавсарӣ, Бобак Каримӣ, Беҳранг Алавӣ, Алӣ Умронӣ, Фарибо Ҷидикор, Элҳом Таҳмурӣ ва Тимо Пурраҳмонӣ нақш офаридаанд.

«Паргор» идомаи сериали телевизионии «Осмон ҳамеша абрӣ нест» мебошад, ки дар он низ мушкилоту нигарониҳои наврасон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта буданд. Бо вуҷуди ин, қиссаи мавсими нав бо қаҳрамонҳо ва рӯйдодҳои дигар нақл мешавад.

Тамошобинони «ifilm2» метавонанд ин сериалро аз рӯзи душанбе, 30 ноябри соли 2026, ҳар рӯз соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе тамошо кунанд.

نظر شما
ارسال نظر