نشرات زنده
فارسی English عربي
90
-
الف
+

Орзуи донишомӯзӣ ва ҳаққи интихоби сарнавишт; «Гузар аз ранҷҳо» ба «Айфилм 2» меояд

Сериали «Гузар аз ранҷҳо» қиссаи Духтарест, ки дар миёни фақр, маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва қарорҳои дигарон барои донишомӯзӣ ва интихоби озодонаи сарнавишти худ талош мекунад

Баъзан сарнавишти инсонро ҳанӯз пеш аз он ки имкони интихоби роҳи худро пайдо кунад, фақр, урфу одатҳои сахтгирона ва қарори дигарон муайян мекунанд. Дунё, қаҳрамони асосии сериали таърихию иҷтимоии «Гузар аз ранҷҳо», аз хурдӣ бо чунин шароит рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ ҳангоми таваллуд модарашро аз даст медиҳад ва дар оилаи камбизоати деҳот ба воя мерасад. Аммо қиссаи Дунё танҳо дар бораи ранҷу азоб нест; ин ҳамчунин достони талоши ӯ барои сохтани ояндаи дигар дар ҷомеаест, ки аксари қарорҳоро ба ҷойи ӯ дигарон мегиранд.

Фақру маҳрумият ва орзуи донишомӯзӣ

Бо гузашти вақт, вазъи душвори молиявии оила Дунёро водор мекунад, ки барои кор ба хонаи хешовандони як хон равад. Ӯ дар он ҷо бо муҳите ошно мешавад, ки дороиву мақоми иҷтимоӣ ба зиндагии мардуми одӣ таъсири зиёд дорад. Муносибатҳои хону раият ва нуфузи хон бар сокинони деҳа аз мавзӯъҳои асосии қисса мебошанд.

Дар миёни ин ҳама мушкилот, ошноӣ бо саводу дониш дар назди Дунё уфуқи нав мекушояд. Ӯ ба омӯзгори деҳа дил мебандад ва орзуи зиндагие дигарро мекунад; зиндагие, ки дар он худаш барои ояндаи худ қарор гирифта тавонад. Аммо хоҳиши ӯ бо манфиату нақшаҳои хонаводаи хон мухолифат мекунад. Вақте хон мехоҳад соҳиби набераи писар шавад, издивоҷи Дунё бо писари ӯро роҳи расидан ба ин мақсад медонанд. Ин қарор сарнавишти духтарро ба самти дигар мебарад.

Қиссаи як зан дар заминаи дигаргуниҳои ҷомеа

«Гузар аз ранҷҳо» танҳо ба зиндагии шахсии Дунё маҳдуд намешавад. Сериал бо нишон додани тафовути табақаҳои иҷтимоӣ, мушкилоти зиндагии деҳот, маҳдудиятҳои занон ва дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоии Эрон, саргузашти як занро бо воқеаҳои бузургтари ҷомеа мепайвандад.

Тамошобин дар баробари пайгирии рӯзгори пурфарозу нишеби Дунё, бо муносибатҳои иҷтимоӣ ва шароити зиндагии мардум дар як давраи таърихӣ низ ошно мешавад. Мавзӯъҳое, ки барои бинандагони Тоҷикистон ва Афғонистон низ бо сабаби монандии баъзе таҷрибаҳои иҷтимоӣ дар минтақа, қобили дарку андешаанд.

Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Бобак Ҳамидиён, Пежмон Бозиғӣ, Шиво Тоҳирӣ, Моҳчеҳра Халилӣ, Пайём Деҳкурдӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Ҷаъфар Деҳқон, Нигин Мӯътазадӣ, Тарлон Парвона, Ҳастӣ Маҳдавӣфар, Маҷид Путкӣ, Озито Туркошванд, Симо Хезрободӣ ва Марям Худораҳмӣ нақш офаридаанд.

Сериали «Гузар аз ранҷҳо» аз имрӯз, 10 ноябри соли 2026, ҳар рӯз соати 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе дар шабакаи «Айфилм2» намоиш дода мешавад.

نظر شما
ارسال نظر