نشرات زنده
فارسی English عربي
38
-
الف
+

Поёни саргузаштҳои майор Ҳасан Ҷаҳонӣ дар Милитсия 11

Қисмати ниҳоии сериали полисӣ-иҷтимоии «Милитсия 11» имрӯз аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад

Моҷароҳои майор Ҳасан Ҷаҳонӣ дар шаҳри тахайюлии Чилрӯд ба анҷом мерасанд. Имрӯз тамошобинони iFilm2 дар қисмати охирини сериали «Милитсия 11» бори дигар бо фармондеҳи шуъбаи полис ва ҳамкорони ӯ ҳамроҳ шуда, анҷоми саргузаштҳои онҳоро тамошо мекунанд.

Дар ин сериал ҳар як парванда танҳо ба ҷинояту ошкор кардани он маҳдуд намешуд. Баъзан мушкилоти экологӣ ва камбуди об, гоҳе сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва баъзан масъалаи бехатарӣ дар конҳо мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд. Ҳамин гуногунрангии мавзӯъҳо боис шуд, ки қисса аз доираи маъмулии ҷинояту ҷазо берун рафта, ба мушкилоти рӯзмарраи мардум, масъулияти иҷтимоӣ ва риояи қонун низ рӯ оварад.

Дар маркази ин рӯйдодҳо майор Ҳасан Ҷаҳонӣ қарор дошт, ки баъди солҳои зиёд ба зодгоҳаш баргашта, масъулияти ягона шуъбаи полиси шаҳри Чилрӯдро ба зимма гирифта буд. Ӯ ҳангоми таҳқиқи парвандаҳои гуногун на танҳо дар ҷустуҷӯи гунаҳкорон буд, балки мекӯшид сабабу решаи мушкилотро низ ошкор созад.

Қисмати охирини «Милитсия 11» имкон медиҳад, ки тамошобинон сарнавишти қаҳрамонҳои ин сериалро пайгирӣ карда, бо қиссаҳои шаҳри Чилрӯд хайрухуш намоянд.

Дар ин сериал ҳунармандоне чун Тино Солеҳӣ, Амир Дежаком, Ҷавона Дилшод, Ҳамидризо Наъимӣ, Эҳсон Амонӣ, Ҳабиб Деҳқоннасаб ва Муҳаммад Филӣ нақш офаридаанд.

Қисмати охирини «Милитсия 11» имрӯз соати 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

Аз пагоҳ, якшанбе, 1-уми ноябр, силсилафилми таърихию иҷтимоии «Ду нимаи моҳ» ҷойгузини он мегардад.

نظر شما
ارسال نظر