نشرات زنده
فارسی English عربي
41
-
الف
+

Ҳофизи Шерозӣ; шоире, ки то ҳол дар қалбу ҷони форсизабонон зинда аст

Шеъри Ҳофиз аз саҳифаҳои девон фаротар рафта, дар мусиқии суннатӣ ва муосири Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷилои тоза пайдо кардааст

Баъзе садоҳо бо гузашти асрҳо хомӯш намешаванд, балки аз насл ба насл расида, бо забони муҳаббат, зиндагӣ ва эҳсос бо мардум сухан мегӯянд. Шеъри Ҳофизи Шерозӣ аз ҳамин гуна мероси ҷовидона аст. Ғазалҳои ӯ дар тӯли асрҳо дар маҳфилҳои адабӣ ва зиндагии рӯзмарраи форсизабонон ҷойгоҳи хос дошта, то имрӯз дар оҳанги мусиқӣ низ садо медиҳанд.

Рӯзи 20-уми меҳр (мутобиқ ба 12-уми октябр), ки дар Эрон ба унвони Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ шинохта мешавад, фурсати муносибест барои ёдоварӣ аз ҷойгоҳи ин шоири бузург дар фарҳангу адабиёти муштараки форсизабонон, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон.

Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ бо ғазалҳои пурмаънои худ аз марзҳои замону макон гузаштааст. Дар ашъори ӯ ишқ, ҳиҷрон, озодӣ, умед ва ҷустуҷӯи ҳақиқат бо забоне зебову пуррамз баён мешаванд. Шояд яке аз сабабҳои мондагории шеъри Ҳофиз ҳамин бошад, ки ҳар насл дар ғазалҳои ӯ маънои тозае пайдо мекунад.

Шеъри Ҳофиз на танҳо дар саҳифаҳои девонаш, балки дар мусиқии кишварҳои форсизабон низ зинда аст. Ҳунармандони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ғазалҳои ӯро бо сабку оҳангҳои гуногун иҷро карда, ба ин мероси адабӣ ҷилои тоза мебахшанд.

Дар Эрон, овозхони маъруф Алиризо Эфтехорӣ бо иҷрои суруди «Камон абрӯ» ба олами ошиқонаи ғазалҳои Ҳофиз ворид мешавад.

Дар Афғонистон бошад, Аҳмад Зоҳир бо садои хоси худ ғазали «Эй подшаҳи хубон»-ро ба оҳанг дароварда, эҳсоси ишқу интизориро дар қалби шунаванда бедор мекунад.

Дар Тоҷикистон низ Давлатманд Холов бо иҷрои суруди «Хуш хиромон» ғазали маъруфи Ҳофизро бо рангу оҳанги мусиқии тоҷикӣ пешкаши шунавандагон кардааст.

Се сарзамин, се садои гуногун ва ашъоре, ки пас аз садсолаҳо ҳамоно тозаву таъсиргузоранд. Ин иҷроҳо нишон медиҳанд, ки шеъри Ҳофиз чигуна метавонад мардумро новобаста аз марзҳои ҷуғрофӣ бо забон, мусиқӣ ва эҳсоси муштарак ба ҳам пайванд диҳад.

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, шуморо ба шунидани ин се суруди баргирифта аз ғазалҳои шоири бузург даъват мекунем. Зеро Ҳофиз танҳо як номи бузург дар таърихи адабиёт нест; ӯ садои зиндаи фарҳанги муштараки мост, ки ҳар насл онро бо эҳсоси худ аз нав кашф мекунад.

نظر شما
ارسال نظر