نشرات زنده
فارسی English عربي
45
-
الف
+

Фалак — мероси мусиқии тоҷик ва ганҷинаи фарҳанги миллӣ

Дар мусиқии фалак ҳар як оҳанг метавонад қиссае аз ранҷи инсон, дурӣ аз азизон ва умеди дидори дубораро бозгӯ кунад

15 декабри соли 2021, дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, мусиқии суннатии «Фалак» ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид. Ин рӯйдод барои муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва ҳифзи ин анъанаи қадима аҳаммияти хос дорад.

Фалак яке аз жанрҳои вижаи мусиқии суннатии тоҷик буда, дар оҳанг ва мазмуни он эҳсосоти амиқи инсонӣ, аз ҷумла муҳаббат, ҳиҷрон, дарду орзу ва умед инъикос меёбанд. Ин мусиқӣ бо сабки хоси иҷро, оҳангҳои таъсирбахш ва робитаи наздик бо зиндагии мардум фарқ мекунад. Фалак дар муаррифии фарҳанги мардумӣ ва анъанаҳои мусиқии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони фарҳанги кишварҳои гуногунро ба худ ҷалб менамояд.

Эътирофи байналмилалии фалак имкониятҳои бештареро барои муаррифии ин жанр, таҳқиқи хусусиятҳои мусиқии он ва интиқоли анъанаҳои иҷроия ба наслҳои оянда фароҳам меорад. Ҳамзамон, иҷрои фалак дар чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ба шинохти бештари мусиқии тоҷик ва ғанӣ гардидани муколамаи фарҳангҳо мусоидат мекунад.

Барномаи давлатӣ оид ба ҳифз ва рушди мусиқии суннатӣ

28 октябри соли 2023 Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028 қабул гардид. Ҳадафи асосии он ҳифзи мероси гаронбаҳои мусиқии миллӣ, рушди минбаъдаи шашмақом ва фалак, инчунин тақвияти анъанаҳои суннатии омӯзишу иҷрои мусиқӣ мебошад.

Барнома ба густариши омӯзиш ва тарғиби мусиқии суннатӣ, рушди мактаби «устод-шогирд» ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши санъати миллӣ равона шудааст. Ин усули таълим, ки бар асоси интиқоли дониш ва таҷрибаи устод ба шогирд ташаккул ёфтааст, дар нигоҳдории нозукиҳои иҷро, сабкҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои хоси мусиқии мардумӣ аҳаммияти калон дорад.

Ҳифзи фалак ва дигар жанрҳои мусиқии суннатӣ на танҳо барои нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангии гузашта, балки барои рушди эҷодиёти муосир низ муҳим аст. Таваҷҷуҳ ба ин мерос метавонад ба таҳкими худшиносии фарҳангии ҷавонон, рушди тафаккури бадеиву маънавӣ ва боло рафтани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеа мусоидат намояд.

Фалак имрӯз ҳамчун яке аз падидаҳои арзишманди фарҳанги мусиқии тоҷик, пайванди зиндаи гузашта ва имрӯз буда, ҳифзу рушди он барои наслҳои оянда аҳаммияти махсус дорад.

نظر شما
ارسال نظر