نشرات زنده
فارسی English عربي
42
-
الف
+

Пойтахт 4 аз Айфилм2 пахш мешавад

Дархости тамошобинон барои бозгашти яке аз фаслҳои дигари «Пойтахт» амалӣ шуд ва «Пойтахт 4» ба зудӣ аз Айфилм 2 пахш мешавад

Бо дархости зиёди тамошобинон барои пахши фаслҳои гуногуни сериали «Пойтахт», фасли чоруми ин сериал аз рӯзи ҷумъа, 16 октябри соли 2026, дар шабакаи Айфилм2 ба намоиш мерасад.

«Пойтахт 4» бо коргардонии Сирус Муқаддам ва тарроҳӣ ва нақшофарии Муҳсин Танобанда, соли 2015 истеҳсол шудааст. Сенарияи ин фаслро Муҳсин Танобанда, Хашоёр Алванд ва Ҳасан Вораста навиштаанд ва Илҳом Ғафурӣ таҳиякунандаи он аст.

Дар ин фасл зиндагии хонаводаи Нақӣ Маъмули бо рӯйдодҳои нав рӯбарӯ мешавад. Ҳумо дар интихоботи Шӯрои шаҳр иштирок карда, бар хилофи интизори Нақӣ, бештарини овозҳоро ба даст меорад. Аз сӯи дигар, Арсту ҳамсараш Чучангро дар як садамаи ҳавоӣ аз даст медиҳад ва сарнавишти ӯ номуайян мемонад.

Дар идомаи достон, кӯшиши Нақӣ барои гирифтани иҷозаи сохтмони хонаи хоҳараш Фаҳима ба мушкил рӯбарӯ мешавад. Нақӣ ва наздиконаш тасмим мегиранд хонаеро бидуни иҷозат бисозанд, аммо дахолати шаҳрдорӣ ва тахриби хона моҷарои наверо барои хонавода ба вуҷуд меорад.

Қиссаҳои Бобопанҷалӣ, ҳузури Беҳбуд дар Африқо, дилбохтагии Раҳмат ва моҷароҳои Сорову Нико низ аз дигар рӯйдодҳои ин фасл мебошанд.

Дар ин фасл Муҳсин Танобанда, Римо Роминфар, Аҳмад Меҳронфар, Алиризо Хамса, Насрин Нусратӣ, Ҳидоят Ҳошимӣ, Ҳуман Ҳоҷӣабдуллоҳӣ, Меҳрон Аҳмадӣ ва дигар ҳунармандон нақш бозидаанд.

«Пойтахт 4» аз рӯзи ҷумъа, 16 октябри соли 2026, ҳар рӯз соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر