Баъзан як хостгорӣ метавонад оғози силсилаи воқеаҳои ғайричашмдошт шавад. Сериали мазҳакавию иҷтимоии «Интихоби аввал» саргузашти ҷавоне бо номи Масъудро ба тасвир мекашад, ки барои хостгорӣ ба хонаи як оилаи табиб меравад, аммо ин мулоқоти одии хонаводагӣ ба як моҷарои бузург табдил меёбад.
Дар идомаи достон, масъалаи интихоби ҳамсар на танҳо барои ду ҷавон, балки барои волидон ва дигар аъзои оила низ ба як масъалаи муҳим табдил мешавад.
Дар ин сериал ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Акбар Абдӣ, Маҷид Муаззафарӣ, Лола Искандарӣ, Афшин Ҳошимӣ ва Марям Амирҷалолӣ нақш офаридаанд.
«Интихоби аввал» аз имрӯз, 3 октябр, ҳамарӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз Айфилм2 пахш мешавад ва ҷойгузини сериали «Шамъдонӣ» мегардад.