Ба гузориши Айфилм2, дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ки рӯзҳои 15–20 октябр баргузор мешавад, дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон доир мегарданд. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба «Ховар» хабар дод.
Дар доираи ин барнома як қатор филмҳои муосири эронӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Тамошои ин филмҳо ба дӯстдорони синамо имконият медиҳад, ки бо асарҳои нави синамои Эрон, мавзӯъҳои гуногуни онҳо ва равияҳои муосири филмсозӣ дар ин кишвар шинос шаванд.
Ҳамчунин барои намояндагони соҳаи синамои Тоҷикистону Эрон вохӯриҳои касбӣ ва эҷодӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин нишастҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои муштарак, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои касбӣ миёни синамогарони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Рӯзҳои кинои Эрон яке аз бахшҳои байналмилалии Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба шумор меравад. Баргузории чунин барномаҳо барои шиносоии бештари тамошобинон бо синамои кишварҳои гуногун ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкории эҷодӣ миёни аҳли синамо мусоидат мекунад.
Баргузории Рӯзҳои кинои Эрон дар Душанбе ба рушди робитаҳои фарҳангиву эҷодии Тоҷикистону Эрон мусоидат карда, барои синамогарони ду кишвар имкони табодули таҷриба ва пайдо кардани ҳамкориҳои навро фароҳам хоҳад овард.