نشرات زنده
فارسی English عربي
55
-
الف
+

Сафар ба диёри Озарбойҷон; сарзамини Мавлоно, Камол, Шаҳриёр ва Парвин

Табрез бо Шамс, Мавлоно, Парвин, Шаҳриёр ва Камол пайванди ногусастанӣ дорад; шаҳре, ки садсолаҳо дар масири андеша ва ҳунар қарор дошт

Агар аз миёни шаҳрҳои таърихии Эрон шаҳре ҷустуҷӯ кунем, ки номаш дар саросари фарҳангу адаби форсӣ садо додааст, Табрез яке аз нахустин номҳост. 
Табрез дар тӯли асрҳо гузаргоҳи корвонҳо, олимон, шоирон, орифон ва тоҷирон буд ва бо сабаби мавқеъаш дар масири иртиботии Эрон бо Қафқоз ва Анатолия, дар таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа нақши муҳим бозидааст.
Шояд беҳтарин роҳи шинохти ин шаҳр на аз дохили арк ва бозорҳо, балки аз миёни номи мардоне бошад, ки асрҳо пеш зистаанд ва то имрӯз шеъру андешаашон зинда мондааст. Шамси Табрезӣ номи Табрезро бо яке аз бузургтарин ривоятҳои ирфонии ҷаҳони форсизабон пайванд дод; вохӯрии ӯ бо Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ роҳе миёни Табрез ва Қуния кушод, ки номи Табрезро фаротар аз марзҳои имрӯзаи Эрон машҳур сохт. Ин пайванд барои хонандаи тоҷик низ маънии хос дорад, зеро Мавлоно фарзанди Балх аст ва мероси ӯ бо Хуросони бузург гиреҳ хӯрдааст.
Асрҳо баъд, Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр аз Табрез бархост ва номи ин шаҳрро дар шеъри муосири форсӣ ва туркии озарӣ баланд кард; дар форсӣ бо ғазалҳои мондагор ва дар туркии озарӣ бо «Ҳайдарбобоя салом». Ӯ соли 1988-и мелодӣ (1367-и хуршедӣ) даргузашт ва дар Мақбарат-уш-шуаро, дар худи ҳамин шаҳр, ба хок супурда шуд.
Ба ин тартиб, достони Табрез аз як шаҳри таърихӣ ба як ривояти фарҳангӣ табдил меёбад — ривояте, ки як тарафи он ба Балху Хуросон ва Мовароуннаҳр мерасад ва тарафи дигараш ба Қуния, Анатолия, Шервон, Форс, Исфаҳон ва Ҳинд тӯл мекашад.
Озарбойҷони Шарқӣ — дарвозае дар масири фарҳанг
Озарбойҷони Шарқиро танҳо бо табиати кӯҳистонӣ ва биноҳои қадимаш шинохтан кофӣ нест; ин вилоят ҳамеша яке аз гузаргоҳҳои муҳим миёни Эрон ва сарзаминҳои пиромун буд ва ҳамин мавқеъ Табрезро ба маркази сиёсию иқтисодӣ ва яке аз канунҳои муҳими фарҳангӣ табдил дод.
Бозори таърихии Табрез, ки имрӯз дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор дорад, намунаи равшани ҳамин нақш аст; бозоре, ки фаротар аз доду ситад, бахше аз сохтори иҷтимоию фарҳангии шаҳр ва яке аз масирҳои бузурги тиҷорати Шарқу Ғарб буд.
Дар чунин фазое андеша низ монанди мол дар ҳаракат буд: шоирону олимон рафтуомад мекарданд ва забони форсӣ дар қаламрави васеъ ба забони дониш ва адаб табдил меёфт. Аз ҳамин ҷост, ки мафҳуми «Эрони фарҳангӣ» маънии худро пайдо мекунад — қаламраве таърихӣ, фаротар аз марзҳои сиёсии имрӯза, ки дар он забони форсӣ, шеър, ирфон ва ҳунар наслҳо ва сарзаминҳои гуногунро ба ҳам пайванд додаанд. Табрез дар яке аз муҳимтарин канорҳои ин ҷуғрофия ҷой дошт, аммо ҳамин канор буданаш он шаҳрро ба нуқтаи пайвасткунанда табдил дод.
Шаҳре, ки шоиронро аз сарзаминҳои дур пазируфт
Яке аз шигифтангезтарин ҷилваҳои ин таърих маҳаллаи Сурхоби Табрез ва Мақбарат-уш-шуаро аст. Ин макон дар аввал мақбараи чанд шоир набуд, балки гӯристони таърихӣ буд, ки номаш аз асрҳои пеш бо аҳли адаб пайванд ёфт. Қадимтарин ишораҳо ба он дар осори Ҳамдуллоҳи Мустафвӣ («Таърихи гузида» ва «Нузҳат-ул-қулуб»), аз асри 8-и ҳиҷрӣ, дида мешавад.
Дар давраҳое, ки Табрез ба маркази сиёсию фарҳангии Озарбойҷон табдил ёфта буд, шоироне аз Шервон, Ганҷа, Хуросон ва худи Озарбойҷон ба ин шаҳр омаданд ва шумори зиёде аз онон пас аз марг дар гӯристони Сурхоб оромидаанд.
Хоқонӣ — шоире аз Шервон дар хоки Табрез
Хоқонии Шервонӣ дар Шервон зодашуд (қисматҳое аз он имрӯз дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аст) ва яке аз намоёнтарин қасидасарои форсизабон буд; шеъри ӯ пур аз дониш, тасвирпардозӣ ва ишора ба улуми замонааш аст. Ӯ солҳои поёнии умрашро дар Табрез гузаронд ва дар ҳамин шаҳр даргузашт — нишонаи равшани густариши ҷуғрофиёи адаби форсӣ дар он замон.
Заҳири Форёбӣ — аз Форёб то Табрез
Заҳируддини Форёбӣ аз Форёби Хуросони бузург бархост ва ба яке аз шоирони намоёни форсӣ табдил ёфт. Ӯ дар Табрез даргузашт ва дар Мақбарат-уш-шуаро мадфун аст. Ҳамҷаворшавии номи Хоқонии Шервонӣ ва Заҳири Форёбӣ нишон медиҳад, ки шеъри форсӣ ҷуғрофиёе фаротар аз марзҳои сиёсии имрӯза дошт.

Соиб — номи Табрез дар паҳнои шеъри форсӣ
Соиби Табрезӣ намунаи шоироне аст, ки номи Табрезро бо худ ба дигар канунҳои фарҳанги форсӣ бурданд. Ӯ бахши муҳими зиндагии адабии худро дар Исфаҳон ва Ҳинд гузаронд ва аз намоёнтарин шоирони сабки ҳиндӣ шуд, аммо тахаллуси «Табрезӣ» пайванди ӯро бо зодгоҳаш нигоҳ дошт.
Аз Хуҷанд то Табрез: Камоли Хуҷандӣ, пайванди зиндаи ду шаҳр
Камоли Хуҷандӣ, шоир ва орифи маъруфи форсигӯй, аз Хуҷанди Мовароуннаҳр бархост ва бахши муҳими зиндагии худро дар Табрез гузаронд. Шеъри ӯ бо забони ирфонӣ ва ғазалҳои латифу пурмаъно, бахше аз анъанаи бузурги шеъри форсиро — ки аз Хуросону Мовароуннаҳр то Озарбойҷон тӯл мекашид — намояндагӣ мекунад. Ӯ дар Табрез даргузашт ва дар Боғи Камол ба хок супурда шуд; мақбарае, ки имрӯз нишони пайванди таърихии Хуҷанду Табрез аст.
Барои хонандаи тоҷик, достони Камоли Хуҷандӣ на танҳо ривояти зиндагии як шоир дар сарзамини дур аст, балки ривояти шоирест, ки аз Хуҷанд бархост, дар Табрез зист ва дар ҳамин шаҳр ором ёфт.
Камолуддини Беҳзод — устоди бемисл аз Ҳирот дар Табрез
Камолуддини Беҳзод, наққоши бузурги дарбори темуриёни Ҳирот, пас аз дигаргуниҳои сиёсӣ ба Табрези давраи Сафавӣ рафт ва пайванди миёни мактаби ҳунарии Ҳирот ва наққошии Табрезро тақвият бахшид — нақше муҳим дар ташаккули наққошии сафавӣ. Имрӯз мақбараи ӯ дар канори Камоли Хуҷандӣ дар Боғи Камол қарор дорад, ҷое ки ба «Мақбараи ду Камол» шӯҳрат ёфтааст: яке аз Хуҷанд дар шеъру ирфон, дигаре аз Ҳирот дар ҳунару наққошӣ.
Шаҳриёр — бозгашти як ривоят ба хона
Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дар Табрез зодашуд ва пас аз солҳо фаъолияти адабӣ, боз ба зодгоҳаш баргашт. Шеъри ӯ миёни форсӣ ва туркии озарӣ дар нӯсон аст ва ҳамин хусусият ба ӯ ҷойгоҳи дугона дар адабиёти форсӣ ва хотираи фарҳангии Озарбойҷон бахшидааст. Ӯ соли 1988-и мелодӣ даргузашт ва дар Мақбарат-уш-шуаро ба хок супурда шуд.
Парвин — бонуи шеъри форсӣ аз Табрез
Парвини Эътисомӣ, аз намоёнтарин шоирони зани форсизабон, соли 1906-и мелодӣ дар маҳаллаи Шашгилони Табрез зодашуд; падараш Юсуфи Эътисомӣ нависанда ва мутарҷим буд ва модараш аз хонаводаи аҳли адаб дар Озарбойҷон буд. Ӯ баъдҳо дар Теҳрон зист ва дар Қум ором ёфт, аммо зодгоҳаш — Табрез, номи ин шаҳрро дар мероси ӯ ҷовидон сохт.
Дар берун аз Мақбарат-уш-шуаро низ достон идома дорад: Шамси Табрезӣ номи Табрезро то Қуния мебарад, Соиб онро дар ҷуғрофиёи шеъри форсӣ мегустаронад ва Шаҳриёру Парвин боз ин ривоятро ба хона бармегардонанд. Маҳз ҳамин ҷост, ки маънии «Эрони фарҳангӣ» равшан мешавад.
«Эронн ҷон» — фурсате барои дидани Эрон аз дарчаи хотира
Акнун, ки Озарбойҷони Шарқӣ мизбони даҳумин чорабинии «Эрони ҷон» аст (аз 15 то 21-и сентябр), бозхонии ин мерос маънои фаротар аз муаррифии як ҷозибаи сайёҳӣ дорад. Мақбарат-уш-шуаро метавонад гуёттарин нишонаи ривояти Озарбойҷони Шарқӣ бошад — на танҳо аз он ҷиҳат, ки шоирони бузурге дар он ором гирифтаанд, балки аз он рӯ, ки достони ин мақбара достони пайванди шаҳрҳо ва наслҳои забони форсӣ аст.
Табрез шояд аз назари ҷуғрофиёӣ дар гӯшаи шимолу ғарбии Эрон бошад, аммо дар масири шеъру ирфону андеша, аз Балху Хуросон то Шервону Қуния ва фаротар аз он тӯл мекашад.

Дар инҷо на танҳо шоирон хуфтаанд — бахше аз таърихи фарҳангии забони порсӣ ҳанӯз дар миёни ин номҳо нафас мекашад.

نظر شما
ارسال نظر