نشرات زنده
فارسی English عربي
24
-
الف
+

313 филм дар 35 соли Истиқлол

Синамои тоҷик дар 35 соли Истиқлол рушд карда, дар ин давра 313 филм истеҳсол шудааст. Дар гузориш муҳимтарин филмҳо ва дастовардҳои синамои миллӣ муаррифӣ мешаванд

Ба гузориши Айфилм2 бо истинод ба АМИТ «Ховар», Истиқлоли давлатӣ барои синамои тоҷик оғози марҳилаи нави рушд гардид.
Истиқлоли давлатӣ барои синамои тоҷик оғози марҳилаи нави рушд гардид. Дар ин давра мавзӯъҳои таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, оила, муҳаббат, тарбияи насли наврас ва дастовардҳои замони истиқлол дар филмҳои тоҷикӣ бештар инъикос ёфтанд.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», аз соли 1991 то соли 2025 дар кишвар 313 филм истеҳсол шудааст, ки аз ҷумла 55 филми ҳунарӣ, 37 филми кӯтоҳи ҳунарӣ, 209 филми мустанад ва 12 филми тасвириро дар бар мегирад.

Дар солҳои аввали истиқлол як қатор филмҳои муҳим ба навор гирифта шуданд. Аз ҷумла, «Марди мутааллиқи ду зан» соли 1991 бо коргардонии Маргарита Қосимова ба мавзӯъҳои муҳаббат, оила ва интихоби инсон бахшида шуд. Ҳамон сол «Бухорои Шариф» бо коргардонии Бақо Содиқов ва «Ситораҳои сари танӯр» бо коргардонии Сайф Раҳимзоди Афардӣ офарида шуданд. Филми «Ашк ва шамшер», ки бар асоси романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода таҳия шудааст, воқеаҳои шӯриши соли 1885 дар Балҷувонро бозгӯ мекунад.

Солҳои минбаъда низ филмҳои гуногун бо мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ истеҳсол шуданд. Ба ин гурӯҳ «Буд-набуд…» (2002), «Муҷассамаи ишқ» (2003), «Овора» (2005) ва «Вақте ки болои шаҳр борон меборид» (2006) дохил мешаванд. Дар онҳо мавзӯъҳои муборизаи неку бад, муҳаббат, муносибатҳои инсонӣ, зиндагии деҳот ва мушкилоти иҷтимоӣ ба тасвир кашида шудаанд.

Соли 2011 «Дар орзуи падар» ба муносибатҳои падар ва фарзанд бахшида шуд. Соли 2014 бошад, филмҳои «Сафари ҳавоӣ», «Муаллим» ва Серияли «Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст» таҳия гардиданд, ки ҳар кадом ба зиндагии инсон, оила ва муносибатҳои иҷтимоӣ дахл мекунанд.

Дар соли 2016 «Достони Роғун» бо коргардонии Носир Саидов ба 25-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуд. Ҳамчунин филми тасвирии «Алифбо» барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба кӯдакону наврасон офарида гардид.

Соли 2018 «Марди роҳ» рӯйи навор омад. Соли 2019 филмҳои «Рақси зиндагӣ», «Муроди Пешво» ва «Нигоҳи ғизол» таҳия шуданд. Дар онҳо мавзӯъҳои муҳаббат, ҳаёти иҷтимоӣ, сохтмони Роғун ва муносибати инсон ба табиат мавқеи асосӣ доранд.

Соли 2020 филмҳои «Автобус», «Роҳ» ва «Бачаи обӣ» истеҳсол шуданд. Соли 2021 бошад, тамошобинон асарҳои «Баҳори хазонрез», «Охирин сайди сайёд», «Роҳ» (филми мустанад), «Додараки фариштаҳо» ва «Се хоҳарон»-ро диданд. Ин филмҳо мавзӯъҳои зиндагӣ, интихоби инсон, кӯдакӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва арзишҳои ахлоқиро фаро мегиранд.

Соли 2022 филми «Дов» бо коргардонии Муҳиддин Музаффар ба навор гирифта шуд. Асар воқеаҳои солҳои 1990-ум ва сарнавишти ду дӯст, инчунин зиндагии мардуми минтақаҳоро инъикос мекунад.

Соли 2023 якчанд филми ҳунарӣ ва мустанад, аз ҷумла «Танҳо ту», «Зиндагӣ зебост», «Тоҷи Сомон», «Тоҷикон – пайравони ҳақиқат» ва «Роғун – кохи нур» таҳия гардиданд. Дар ин асарҳо масъалаҳои муҳаббат, зиндагии инсон, таъриху фарҳанг ва рушди Тоҷикистон инъикос шудаанд.

Филми «Моҳӣ дар шаст», ки маҳсули муштараки Тоҷикистону Эрон мебошад, соли 2024 дар Тоҷикистон ба навор гирифта шуд. Филм дар бораи кӯдаке мебошад, ки барои пайдо кардани модараш ба сафари дур мебарояд. Асар дар чандин ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ шудааст.

Соли 2025 филми «Ошёни меҳр» бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоил ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Филм мавзӯи Роғунро дар қолаби асари ҳунарӣ инъикос мекунад.

Аз лоиҳаҳои муштараки солҳои охир филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ҷойгоҳи хос дорад. Ин филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шуда, дӯстии таърихию фарҳангии ду халқро нишон медиҳад. Тибқи нақша, филм дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба тамошобинон пешниҳод мешавад.

Дар солҳои истиқлол барои рушди соҳаи кино як қатор санадҳои давлатӣ қабул гардида, аз ҷумла «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» амалӣ мешавад.

Афзоиши истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ ва кӯдагона нишон медиҳад, ки синамои тоҷик дар давраи истиқлол марҳилаи нави рушдро тай карда, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик нақши муҳим дорад.

نظر شما
ارسال نظر