Қисми ниҳоии силсилафилми «Микоил» имрӯз аз шабакаи Айфилм2 намоиш дода мешавад, то парвандаи яке аз пуршиддаттарин қиссаҳои полисӣ ба анҷом расад.
Ба гузориши Айфилм2, силсилафилми «Микоил» бо коргардонии Сируси Муқаддам ва нависандагии Саъид Неъматуллоҳ, ки соли 2015 истеҳсол шудааст, дар қисматҳои гузашта саргузашти як корманди пулисро ба тасвир кашид, ки дар баробари ҷиноят, таҳдид ва фишорҳои гуногун борҳо бо марзи миёни вазифа, адолат ва интиқом рӯбарӯ шуд.
«Микоил» пас аз кушта шудани «Расул», дӯсти наздик ва ҳамкораш, вориди масире мешавад, ки ӯро бо чеҳраи пинҳони ҷиноят ва қудрати ҷинояткорон рӯбарӯ мекунад. Аз он пас, муқобила бо «Оқохон» ба яке аз меҳварҳои асосии қисса табдил меёбад ва зиндагии шахсӣ ва хонаводагии «Микоил» низ аз паёмадҳои ин мубориза дар амон намемонад.
Акнун дар қисми ниҳоӣ, таниш миёни «Микоил» ва «Оқохон» ба нуқтаи ҳалкунанда мерасад. Дар ин қисмат «Микоил» барои наҷоти «Рашид» вориди паноҳгоҳи «Оқохон» мешавад ва даргирии мусаллаҳона сурат мегирад; рӯйдоде, ки ҷони чанд қаҳрамони асосиро ба хатари ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад. Бо вуҷуди ин, барои тамошобиноне, ки дар қисматҳои гузашта ин қиссаро пайгирӣ кардаанд, ҷозибаиасосии қисми ниҳоӣ дар посух ба саволҳоест, ки аз оғози силсилафилм дар бораи адолат, интиқом ва сарнавишти қаҳрамонҳо ба вуҷуд омадаанд.
«Комбиз Дирбоз», «Беҳнӯш Таботабоӣ», «Алиризо Хамса», «Комрон Тафтӣ», «Матин Сутуда», «Парвиз Пурҳусайнӣ», «Алӣ Деҳкурдӣ», «Маҷид Вошиқонӣ», «Алӣ Солеҳӣ», «Кова Самокбошӣ», «Маҷид Муширӣ», «Ҳусайн Тӯша», «Сирус Мейманат», «Марям Худораҳмӣ» ва «Никон Худодод» аз ҳунармандони ин силсилафилм ҳастанд.
Бо поёни силсилафилми «Микоил», аз фардо, сешанбе, 1 сентябри 2026, силсилафилми полисии «Хобу бедор» бо коргардонии «Маҳдӣ Фахимзода» ҷойгузини он мешавад. Ин асар бо ҳузури «Руё Нунаҳолӣ», «Дониёл Ҳакимӣ» ва «Маҳдӣ Фахимзода» қиссаи рӯёрӯии пулис бо як гурӯҳи ғоратгарони мусаллаҳро нақл мекунад.
Қисми охири «Микоил» имрӯз соати 17:00 ба вақти Теҳрон, 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 намоиш дода мешавад.