نشرات زنده
فارسی English عربي
29
-
الف
+

Оромгоҳи Фирдавсӣ макони ҷовидонаи ёди Ҳакими Тӯс

Ҳар сол сайёҳони зиёде ба Оромгоҳи Фирдавсӣ мераванд, то дар фазое омехта бо таърих, фарҳанг ва табиат, ёди Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро гиромӣ доранд

Оромгоҳи Фирдавсӣ маконест, ки хокаш пайкари Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро дар оғӯш гирифта ва то имрӯз ёди ин шоири бузургро ҷовидон нигоҳ доштааст.

Ин макон бо фазои бисёр зебо ва дилнишинаш ҳамасола мизбони сайёҳони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар аст ва бисёриҳоро аз роҳҳои дур ва наздик ба сӯи худ мекашонад.

Оромгоҳи Фирдавсӣ дар 28-километрии ғарби деҳаи Пож, зодгоҳи Фирдавсӣ, воқеъ буда, аз 1 апрели соли 1963 ба Феҳристи осори миллии Эрон ба қайд гирифта шудааст.

Оромгоҳи Фирдавсӣ

Айни ҳол боғи оромгоҳ масоҳати 6 гектар дорад ва дар он, дар баробари оромгоҳи Фирдавсӣ, осорхона ва китобхона низ ҷойгир шудаанд.

Даромадгоҳи боғ дар қисми ҷанубии он воқеъ аст. Ҳангоми ворид шудан ба маҷмаа, ҳавзеро мебинем, ки 30 метр дарозӣ ва 10 метр паҳно дорад ва тасвири оромгоҳ дар он инъикос мешавад.

Оромгоҳи яке дигар аз шоирони маъруфи Эрон, Маҳдии Ахавон Солис, низ дар боғи ин оромгоҳ ҷойгир аст.

Оромгоҳи Фирдавсӣ

Дар поён чанд байт аз Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ пешкаши шумо мегардад.

Биё, то ҳама дасти некӣ барем,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад наспарем.

Бикӯшем, бар некномӣ ба тан,
К-аз ин ном ёбем бар анҷуман.

Хунук онки ҷоме бигирад ба даст
Хӯрад ёди шоҳони яздонпараст.

Чу ҷоми набидаш дардам шавад.
Бихуспад, бадонгоҳ ки хуррам шавад.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ

نظر شما
ارسال نظر