Бо наздик шудани қисматҳои поёнии мавсими чоруми силсилафилми «Аз сарнавишт», шабакаи Ifilm2 ба зудӣ мавсими аввали силсилафилми маҳбуби «Ситоиш»-ро ба намоиш мегузорад; силсилафилме, ки дар солҳои гузашта борҳо бо дархости тамошобинони Ifilm2 бозпахш шуда, акнун бори дигар ба ҷадвали пахши ин шабака бармегардад.
«Ситоиш» ба коргардонии Саъид Султонӣ ва нависандагии Саъид Матлабӣ, яке аз маъруфтарин силсилафилмҳои хонаводагии телевизиони Эрон аст, ки дар се мавсим таҳия шудааст. Ин силсилафилм ба сабаби ривояти тӯлонӣ, шахсиятсозии чандқабата ва таваҷҷуҳи вижа ба муносибатҳои хонаводагӣ, дар миёни форсизабонони кишварҳои гуногун низ маҳбубияти фаровон пайдо кардааст.
Мавсими аввал саргузашти духтари ҷавоне бо номи «Ситоиш»-ро нақл мекунад, ки барои наҷот додани бародараш аз як буҳрони сарнавиштсоз, нохоста ба роҳе қадам мегузорад, ки зиндагии ӯро барои ҳамеша дигаргун месозад. Шинос шудани ӯ бо «Тоҳир Фирдавс» силсилаи рӯйдодҳои талху ширинеро рақам мезанад; рӯйдодҳое, ки ишқ, хонавода, масъулият, фидокорӣ ва рӯёрӯии суннат бо хостаҳои насли ҷавонро дар канори ҳам ба тасвир мекашанд.
Яке аз муҳимтарин вижагиҳои силсилафилми «Ситоиш», ривояти тадриҷии дигаргуншавии шахсиятҳо дар гузари замон аст. Достон танҳо бар як қиссаи ошиқона тамаркуз надорад, балки қарорҳои ҳар қаҳрамон паёмадҳое ба бор меоранд, ки сарнавишти чанд наслро зери таъсир қарор медиҳанд. Ҳамин пайванди мантиқӣ ва идомадори рӯйдодҳо «Ситоиш»-ро ба яке аз мондагортарин силсилафилмҳои хонаводагии телевизиони Эрон табдил додааст.
Дориюш Арҷманд, Маҳдӣ Покдил, Наргис Муҳаммадӣ, Маҳдӣ Салукӣ, Симо Тирандоз, Ромсин Кибритӣ, Ҷамшед Машойихӣ, Қурбон Наҷафӣ, Маҳмуд Азизӣ, Заҳро Саъидӣ ва Шиво Хунёгар аз ҷумлаи ҳунармандони мавсими аввали ин силсилафилм мебошанд.
Бар асоси ин барнома, мавсими аввали силсилафилми «Ситоиш» аз сешанбе, 11 августи соли 2026 соати 19:00 ба вақти Теҳрон, 20:00 ба вақти Кобул ва 20:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Ifilm2 пахш мешавад.