نشرات زنده
فارسی English عربي
99
-
الف
+

«Бозпурс» ба поён мерасад; «Микоил» рӯи мавҷи Ifilm2 меояд

Таъқибҳои пурҳаяҷон, парвандаҳои печида ва мубориза бо ҷиноят меҳвари асосии силсилафилми «Микоил» мебошанд, ки аз 13 августи соли 2026 ҷойгузини силсилафилми «Бозпурс» хоҳад шуд.

Бо наздик шудани қисматҳои поёнии силсилафилми маҳбуби «Бозпурс», шабакаи Ifilm2 аз панҷшанбе, 13 августи соли 2026 силсилафилми пулисӣ ва пурҳаяҷони «Микоил»-ро барои тамошобинони худ ба намоиш мегузорад; силсилафилме, ки бо ривояти парвандаҳои ҷиноӣ, таъқибҳои пуршиддат ва даргириҳои печида миёни қонун ва ҷинояткорӣ, яке аз осори муваффақи жанри пулисии телевизиони Эрон ба шумор меравад.

Ба гузориши Ifilm2, «Микоил» ба коргардонии Сирус Муқаддам ва нависандагии Саъид Неъматуллоҳ соли 2015 истеҳсол шудааст. Ин силсилафилм бо такя бар фазосозии воқеъгароёна, шахсиятсозии чандқабата ва ривояти пуртаълиқ, тамошобинро аз ҳамон қисмати аввал ба моҷарое ҷалб мекунад, ки ҳар қарор метавонад сарнавишти қаҳрамонҳоро дигаргун созад.

Достон дар бораи маъмури пулисе бо номи Микоил аст; марде, ки адолатро танҳо дар доираи вазифаи хизматӣ намебинад ва бовар дорад ҳар ҷо ҳаққи касе поймол шавад, бояд аз ситамдида ҳимоят кард. Аммо зиндагии ӯ замоне дигаргун мешавад, ки дӯсти наздик, ҳамкор ва шавҳари хоҳараш дар ҳамлаи ҷинояткорон кушта мешавад ва худи Микоил низ мавриди иттиҳом қарор мегирад. Аз ҳамин ҷо ҷустуҷӯи ҳақиқат оғоз меёбад; ҷустуҷӯе, ки ӯро бо шабакае аз ҷиноят, интиқом, фасод ва розҳои пинҳонӣ рӯ ба рӯ месозад.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин силсилафилм, бозтоби рӯёрӯии виҷдон, қонун ва муносибатҳои хонаводагӣ мебошад. Дар канори саҳнаҳои таъқиб ва амалиётҳои пулис, достон ба ҳазинаи гарони мубориза бо ҷиноят ва таъсири он ба зиндагии шахсии маъмурон низ мепардозад; мавзуе, ки ба «Микоил» фаротар аз як силсилафилми сирфан аксионӣ, ҷанбаи инсонӣ ва иҷтимоӣ мебахшад.

Дар ин силсилафилм Комбиз Дирбоз, Беҳнӯш Таботабоӣ, Алиризо Хамса, Комрон Тафтӣ, Матин Сутуда, Парвиз Пурҳусайнӣ, Алӣ Деҳкурдӣ, Маҷид Вошиқонӣ, Алӣ Солеҳӣ, Кова Самокбошӣ, Маҷид Муширӣ, Ҳусайн Тӯша, Сирус Майманат, Марям Худораҳмӣ ва Никон Худодод нақш офаридаанд.

Силсилафилми «Микоил» аз панҷшанбе, 13 августи соли 2026, ҳар рӯз соати 17:00 ба вақти Теҳрон, 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Ifilm2 пахш мешавад. Ҳамчунин ба бинандагони форсизабон дар Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон низ мужда дода мешавад, ки ин силсилафилм ҳар рӯз соати 18:30 ба вақти Тошканд тавассути моҳвораи MonacoSat (TürkmenÄlem) ба намоиш гузошта мешавад.
 

نظر شما
ارسال نظر