Ба иттилои iFilm2, аз ҳамин ҳафта бинандагони шабака шоҳиди тағйироте дар ҷадвали пахши барномаҳои рӯзи панҷшанбе хоҳанд шуд; тағйироте, ки имкони бештареро барои тамошои яке аз пурбинандатарин силсилафилмҳои ин рӯзҳои шабака фароҳам месозад.
Бар асоси тасмими нави раҳбарияти телевизиони iFilm2, аз панҷшанбе, 16-уми июл соли 2026 то эълони навбатӣ, филми синамоии ҳафтаина пахш нахоҳад шуд. Ба ҷойи он, силсилафилми машҳури телевизионии «Тӯбо» ҳар ҳафта дар ду қисмати пайдарпай рӯи мавҷ меравад.
Бо ҳамин тартиб, силсилафилми «Кимиё», ки дар ҳафтаҳои гузашта шабҳои панҷшанбе ба сабаби пахши филми синамоӣ намоиш дода намешуд, ҳамоно пахш нахоҳад шуд, то вақти бештар барои пахши ду қисмати пайдарпайи «Тӯбо» ҷудо гардад.
Силсилафилми «Тӯбо» бо коргардонии Саид Султонӣ саргузашти занеро бо ҳамин ном нақл мекунад, ки дар пайи рӯйдодҳои сиёсӣ маҷбур мешавад ватани худро тарк карда, ба Ироқ муҳоҷират намояд. Ӯ дар солҳои баъдӣ бо воқеаҳои муҳиме чун ҷанг, дурӣ аз хонавода, гум шудани фарзанд ва пасту баландиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мешавад. Солҳо баъд, дар остонаи сафари Карбало, хотираҳои талху ширини зиндагии худро барои наберааш бозгӯ мекунад. Ин силсилафилм ривояте аз муҳаббат, муҳоҷират, истодагӣ, умед ва пайвандҳои хонаводагӣ мебошад.
Ҳунарнамоии Шабнам Қурбонӣ, Амин Зиндагонӣ, Фарҳод Ойиш, Ҳумоюн Барқнавард, Ромин Ростод, Маҳдӣ Сулукӣ, Судоба Байзоӣ ва Фарибо Мутахасис, дар баробари достони ҷолиб ва шахсиятпарварии муносиб, «Тӯбо»-ро ба яке аз сербинандатарин осори ин шабҳои iFilm2 табдил додааст.
Аз ин рӯ, агар шумо аз пайгирони ин силсилафилм бошед, аз ин пас ҳар рӯзи панҷшанбе метавонед ду қисмати пайдарпайи «Тӯбо»-ро тамошо карда, идомаи достони онро бо суръати бештар пайгирӣ намоед.
Бар асоси ин тағйирот, силсилафилми «Тӯбо» аз панҷшанбе, 16-уми июли соли 2026, ҳар ҳафта дар ду қисмати пайдарпай аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад. Оғози пахш соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе хоҳад буд.