نشرات زنده
فارسی English عربي
25
-
الف
+

Бозгашти пуррозурамз дар «Марҳам»; силсилафилми нави iFilm2 рӯи антенна меравад

iFilm2 бо пахши силсилафилми «Марҳам» бинандагонро ба қалби достоне мебарад, ки дар он бозгашти як зан сарнавишти чанд хонаводаро дигаргун месозад.

Бо наздик шудани қисматҳои поёнии силсилафилми «Фарибо», шабакаи iFilm2 аз 23 июни соли 2026 силсилафилми «Марҳам»-ро ба ҷадвали пахши худ ворид мекунад; силсилафилми иҷтимоӣ ва мелодрамавӣ ба коргардонии Муҳаммадризо Оҳанҷ ва нависандагии Муҳсин Ҷасур ва Ҳусайн Сулаймонӣ, ки пеш аз пахш бо номи «Пардисон» шинохта мешуд.
Достони «Марҳам» перомуни зане бо номи Манижа шакл мегирад; зане, ки пас аз солҳои дурӣ барои пайдо кардани гумшудае ба Эрон бозмегардад, аммо ин бозгашт ӯро бо розҳо, таҳаввулот ва роҳҳое рӯбарӯ месозад, ки ҳаргиз интизорашонро надошт. Достон дар муҳити хонаводаҳои уламои динӣ ҷараён дорад; хонаводаҳое, ки ҳамсаронашон барои таблиғи динӣ ба минтақаҳои гуногун сафар кардаанд ва ҳар кадом бо озмоишҳои гуногуни зиндагӣ дасту панҷа нарм мекунанд. Маҳз ҳамин фазои камтар ривоятшуда ба «Марҳам» рангу бӯи хос бахшидааст.
Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Рӯъё Ҷовидниё, Муно Каримӣ, Видо Ҷавон, Масъуд Интизорӣ, Насим Адабӣ, Нодир Сулаймонӣ, Каманд Амирсулаймонӣ, Алиризо Устодӣ, Сафо Оқоҷонӣ, Баҳром Иброҳимӣ, Куруш Сулаймонӣ, Сипанд Амирсулаймонӣ ва гурӯҳи дигар нақш офаридаанд. Ҳузури ин чеҳраҳо дар канори фазои хонаводагӣ ва эҳсосии достон метавонад барои бинандагоне, ки ба ривоятҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ таваҷҷуҳ доранд, ҷолиб бошад.
Бар асоси ин гузориш, силсилафилми «Марҳам» аз 23 июн ҳар рӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر