Фасли нахустини сериали «Рӯзҳои беқарорӣ»; ривояти ошиқонае аз миёни чолишҳои оилавӣ, ба зудӣ аз шабакаи Айфилм 2 пахш мегардад.
Ин сериал ба коргардонии Козим Маъсумӣ яке аз осори мелодрамаи иҷтимоии телевизиони Эрон ба шумор меравад, ки бо тамаркуз бар арзишҳои оила, эътимод ва вафодорӣ, достоне пуркашиш ва наздик ба воқеиятҳои зиндагиро ба тасвир мекашад.
«Рӯзҳои беқарорӣ» қиссае аз дили равобити инсонӣ аст; ҷое ки дӯстии содаи донишҷӯӣ ба пайвандҳои амиқтари эҳсосӣ табдил меёбад. «Фарҳод», «Раҳо» ва «Соро» се дӯсти наздиканд, ки дар муҳити донишгоҳ бо якдигар ошно мешаванд. Ин дӯстӣ тадриҷан ранги дигар мегирад ва «Раҳо» ва «Фарҳод» бо ҳам издивоҷ мекунанд; аммо зиндагии муштараки онҳо, бар хилофи тасаввури аввалия, бо чолишҳо ва озмоишҳое рӯбарӯ мешавад, ки ҳар яке метавонад пояи як оиларо ба ларза андозад.
Дар умқи ин ривоят, сериал талош мекунад мафҳуми «таҳкими оила»-ро аз зовияи воқеъгароёна баррасӣ намояд; ин ки чӣ гуна нофаҳмиҳо, фишорҳои иҷтимоӣ ва қарорҳои нодуруст метавонанд равобитро ба таниш бикашанд ва дар муқобил, сабр, дарки мутақобил ва гузашт чӣ нақш доранд. Ҳамин равиш, ин асарро барои бинандагони Афғонистон ва Тоҷикистон қобили дарк ва ҷолиб месозад.
Дар ин сериал, чеҳраҳои шинохташудае нақш офаридаанд; аз ҷумла Абулфазл Пурараб дар нақши «Ковиён», Пежмон Бозиғӣ дар нақши «Фарҳод», Илҳом Ҳамидӣ дар нақши «Раҳо», Соро Суфиёни дар нақши «Соро» ва Комрон Тафтӣ дар нақши «Мансур». Ҳамчунин ҳузури бозигароне чун Беҳнуш Бахтиёрӣ, Ҳамидризо Иброҳимӣ, Марям Худораҳмӣ, Валия Алавӣ, Атия Ғбишобӣ, Ҳамидризо Ҳидоятӣ, Ҳусом Манзур, Фотима Воҳидӣ ва Заҳро Буруманд дар канори бозигари кӯдак Сумайя Фонӣ, ба ғанои ҳунарии ин асар афзудааст.
Фазосозиҳои эҳсосӣ, ривояти тадриҷии буҳронҳо ва пардохт ба ҷузъиёти зиндагии оилавӣ аз вижагиҳоеанд, ки ин сериалро барои дӯстдорони достонҳои иҷтимоӣ ҷолиб месозанд. Ҳамчунин сохтори достонии он ба гунаест, ки ҳар қисмат бо гиреҳи нав анҷом ёфта, бинандаро ба пайгирии идомаи қисса водор мекунад.
Бар асоси ин гузориш, сериали «Рӯзҳои беқарорӣ» аз рӯзи душанбе 26 апрел, ҳар рӯз соати 16:00 ба вақти Теҳрон, 17:00 ба вақти Кобул ва 17:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад; фурсате тоза барои тамошои достоне саршор аз эҳсос, тардид ва умед.