Бино ба гузориши iFilm2, қисми нахустини силсилафилми «Хона ба дӯш» аз имрӯз 18 феврали 2026 ба рӯи антенна меравад ва ҷойи силсилафилми «Хушнишинҳо»-ро мегирад; асаре, ки солҳост номаш барои бисёре аз бинандагон ёдовари лаҳзаҳои шод ва пурҳаяҷон аст.
Ин силсилафилм бо коргардонӣ ва нависандагии Ризо Атторон таҳия шудааст ва аз ҳамон қисми аввал, қиссае содда аммо ҷаззобро оғоз мекунад. Достон дар бораи «Мошоаллоҳ» аст; марде заҳматкаш ва хонавода-дӯст, ки дар тангнои иқтисодӣ талош мекунад нони ҳалол ба хона биёрад. Зиндагии ӯ ҷараёни одии худро дорад то он ки бо шахсе ба номи Баёт рӯбарӯ мешавад ва пешниҳоди васвасаангезе мешунавад. Мошоаллоҳ бо умеди беҳбуди зиндагии хонаводааш ин пешниҳодро мепазирад; аммо роҳе, ки дар пеш дорад, пур аз печутоб ва рӯйдодҳои пешбининашуда аст.
Ҳар қисмат бо мавқеъиятҳое ҳамроҳ аст, ки ҳам табассум меорад ва ҳам изтироби ширине эҷод мекунад. Тамошобин қадам ба қадам бо тасмимҳои Мошоаллоҳ пеш меравад ва ҳар бор ин савол дар зеҳнаш шакл мегирад, ки ин дафъа чӣ рӯй хоҳад дод. Ҳамин таълиқи содда ва самимӣ, сабаби маҳбубияти силсилафилм миёни мухотабон будааст.
Дар «Хона ба дӯш» ҳунармандоне чун Ризо Атторон, Ҳамид Лӯлоӣ, Марям Амирҷалолӣ, Алӣ Содиқӣ, Оноҳито Ҳимматӣ, Хашоёр Род, Беҳнӯш Бахтиёрӣ, Ғуломҳусайн Лутфӣ ва Фулӯр Назарӣ ҳузур доранд. Таркиби ин чеҳраҳо бо фазои мазҳакавӣ ва ривояти равон, ҳавову ҳолати самимӣ ва дилнишине месозад, ки ба осонӣ бо зиндагии рӯзмарраи мардум пайванд мехӯрад.
Силсилафилми «Хона ба дӯш», ки аз осори пурдархости бинандагон ба шумор меравад, аз имрӯз пахши худро дар iFilm2 оғоз кардааст. Соати пахши он 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон аст; қиссае, ки аз ҳамин имшаб оғоз мешавад ва ба эҳтимоли зиёд бинанда ба осонӣ аз идомаи он дил намеканад.