Аз имшаб, фазои iFilm2 ранги як ривояти мутафовит ва пурҳаяҷони таърихӣ мегирад. Қисмати нахустини силсилафилми «Туфанги сарпур» аз 17-уми январ 2026 пахш мешавад ва ҷойи силсилафилми «Парвона»-ро гирифтааст; достоне, ки аз ҳамон оғоз бинандаро ба миёни рӯзгори сахту сарнавиштсоз мебарад.
Бино ба гузориши iFilm2 , ин силсилафилм ба коргардонӣ ва нависандагии Амруллоҳ Аҳмадҷӯ соли 2003 таҳия шудааст. Ривоят дар замони Ҷанги ҷаҳонии аввал мегузарад; даврае, ки мардум зери фишори хонҳо, ҳокимони маҳаллӣ, дарбориён ва неруҳои бегона рӯз мегузаронанд. Меҳвари қисса ҷавоне ба номи Ғайбиш аст; ҷавоне аз миёни мардум, ки нозири ранҷҳое мебошад, ки бар зиндагии аҳолӣ соя афкандааст. Вуруди сарбозони руси саргардон ба атрофи як деҳа, тавозуни зиндагиро барҳам мезанад. Аҳолӣ барои дифоъ аз худ танҳо як туфанги сарпур доранд ва ҳамин камбуд, оғози занҷираи рӯйдодҳое мегардад, ки оромии деҳаро меларзонад.
«Туфанги сарпур» тасвири мардуми одӣ аст; мардуме, ки солҳо бо зулм унс гирифтаанд ва камтар аз ҳаққи худ сухан мегӯянд. Онҳо бештар тамошобинанд то куншгар ва аксаран чашм ба роҳи касе мемонанд, ки биёяду гиреҳи корро боз кунад. Ҳамин фазои интизору тарс, қиссаро нафасгир месозад. Ҳар рӯйдоди кучак маънои бузург пайдо мекунад ва бинанда тадриҷан дар сарнавишти шахсиятҳо даргир мешавад. Ривоят сода ва фаҳмо аст, аммо лояҳои он, пурсишҳои ҷиддӣ дар бораи тарс, одат ба ранҷ ва умед ба тағйирро матраҳ месозад.
Фазосозии бумии силсилафилм ва муқобалаи чанд чеҳраи аслӣ бо гурӯҳе аз мардуми хомӯш, ҳолу ҳавое наздик ба ривоятҳои вестерн эҷод мекунад; ҷое, ки сукути ҷамъ гоҳе аз фарёд расотар аст. Ҳамин вижагӣ, кашиши достонро боло мебарад ва тамошобинро кунҷков нигоҳ медорад, то бидонад сарнавишти ин деҳа ва Ғайбиш ба куҷо мерасад.
Дар ин силсилафилм бозигароне чун Хусрав Шакибоӣ, Ҳамидризо Пигоҳ, Жола Улув, Аббос Амирӣ, Анӯшервон Арҷманд, Маҳбуба Баёт, Фатҳалӣ Увайсӣ, Оташ Тақипур, Мино Ҷаъфарзода, Садриддин Ҳиҷозӣ, Фирдавс Ковиёнӣ ва Меҳрӣ Меҳрниё ҳузур доранд ва ҳар яке ба боварпазирии фазои достон ёрӣ мерасонанд.
Қисмати аввали силсилафилми «Туфанги сарпур» аз 17-уми январ 2026 дар iFilm2 пахш мешавад ва вақти пахши он 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе аст; ривояте, ки ором оғоз мегардад, аммо нишонаҳои тӯфони бузургро дар дил дорад.