Силсилафилми «Нориё» дар жанри пулисӣ–амниятӣ, яке аз силсилафилмҳои нави телевизионӣ мебошад, ки бо меҳварияти илм, таълиқ ва рӯёрӯйӣ бо шабакаҳои ҷинояткор таҳия шудааст ва ба зудӣ аз тариқи шабакаи iFilm2 барои тамошобинони Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон пахш хоҳад шуд. Ин силсилафилм мекӯшад достоне пурҳаяҷонро бо дарунмояи илмӣ ва иҷтимоӣ дар ҳам биёмезад.
Меҳвари асосии достон духтари нобиғае бо номи Ҳужон аст, донишманди ҷавоне, ки рӯйи ихтироъе кор мекунад, ки метавонад вобастагии кишварашро ба воридоти як маҳсулоти муҳим поён бахшад. Ҳамин дастоварди илмӣ ӯро нохоста ба майдони муқобила бо шабакаҳое мекашад, ки манофеашон дар вобаста боқӣ мондани кишварҳо нуҳуфтааст. Дар натиҷа, Ҳужон бо маҷмӯае аз таҳдидҳо, таъқибҳо ва дасисаҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ мегардад; вазъияте, ки фазои силсилафилмро ба самти моҷароҳои амниятӣ ва асроромез равона месозад.
«Нориё» бар нақши дониш, ирода ва пойдории фардӣ таъкид мекунад. Номи «Нориё», ки ба маънои «қаҳрамон» ё «духтаре аз ҷинси нур» таъбир мешавад, рамзе аз ҳамин истодагӣ дар баробари торикӣ ва таҳдид ба шумор меравад. Пардабардорӣ аз мавзӯи пешрафти илмӣ ва талош барои худкифоӣ, дар канори ҳушдор нисбат ба тавтеаҳои созмонёфта, ба ин силсилафилм ҷанбаи иҷтимоие мебахшад, ки барои тамошобинони Афғонистон ва Тоҷикистон низ қобили эҳсос ва дарк мебошад.
Дар ин силсилафилм ҳунарпешагони шинохтаи эронӣ, аз ҷумла Муҳаммадризо Шарифиниё, Амирил Арҷманд, Козим Балучӣ, Ошо Меҳаробӣ, Афсона Чеҳраозод, Роз Разавӣ, Сайидҷавод Ҳошимӣ, Атобак Нодирӣ, Садриддин Ҳиҷозӣ, Муҳаммад Ширӣ, Фарибо Мутахассис, Насим Адабӣ, Видо Ҷавон, Каманд Амир Сулаймонӣ, Сипанд Амир Сулаймонӣ ва чанде дигар ҳузур доранд, ки ҳар яке бахше аз шабакаи мураккаби қаҳрамонҳои достонро шакл медиҳанд.
Силсилафилми «Нориё» бо омезиши драма, экшн, муаммо ва фазои амниятӣ, барои ҳаводорони достонҳои пуртаълиқ ва пурҳодиса, як интихоби қобили таваҷҷуҳ ба шумор меравад.
Пахши ин силсилафилм аз рӯзи якшанбе، 15-уми феврали соли 2026 оғоз шуда, ҳар рӯз соати 17:00 ба вақти Теҳрон, 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 намоиш дода мешавад.