نشرات زنده
فارسی English عربي
24
-
الف
+

Лаҳзаҳои ошиқона ва сиёсатро аз имрӯз дар сериали «Парвона» тамошо кунед

Шабакаи iFilm2 аз имшаб намоиши сериали «Парвона»-ро оғоз мекунад; ривояти таърихӣ-иҷтимоии зиндагии мардум дар даҳаи панҷоҳуми Эрон.

Тибқи гузориши iFilm2, аз имрӯз, сешанбе, 27 январи соли 2026, сериали телевизионии «Парвона» аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад. Ин сериал яке аз осори барҷастаи телевизионӣ дар бознамоии фазои даҳаи панҷоҳуми солшумории хуршедӣ дар Эрон ба шумор меравад. Қиссаи сериал зиндагии ду қаҳрамони асосӣ — Амир ва Парвона — ро пайгирӣ мекунад; ҷавононе, ки дар ҷустуҷӯи гумшудаҳои худ, нохоста вориди ҷараёнҳои печида ва тунди сиёсии он давра мешаванд ва бо бархӯрди масъалаҳои ошиқона, оилавӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ мегарданд.
Сериали «Парвона» мекӯшад тасвири воқеӣ аз зиндагии мардумони одӣ ва шароити иҷтимоӣ-сиёсии он замон пешниҳод намояд. Аз дили ин ривоят, бинанда метавонад таъсири сиёсатро бар зиндагии шахсӣ, оила ва ишқ мушоҳида кунад ва дарки беҳтаре аз таноқузҳо ва умедҳои ҷомеа дар он солҳо ба даст оварад.
Дар ин сериал Ҳомид Кумайлӣ нақши Амир ва Соро Баҳромӣ нақши Парвонаро иҷро мекунанд. Ҳузури бозигароне чун Нима Раисӣ, Маҳдӣ Сулукӣ, Ҳидоят Ҳошимӣ, Шаҳром Абдулӣ, Сипеда Худовердӣ, Илҳом Чарханда, Қутбиддин Содиқӣ, Фаршид Навобӣ, Матин Сутуда ва Довуд Фатҳалъибайгӣ таркиби гуногун ва ҷолибе аз наслҳои мухталифи бозигариро шакл дода, ба сифати намоишии асар меафзояд.
Таҳиякунандаи ин тарҳ Мансур Суҳробпур аст ва коргардон Ҷалил Сомон, ки собиқаи фаъолият дар осори иҷтимоӣ ва таърихӣ дорад, тавонистааст бо диққат ва нозукбинӣ, қабатҳои гуногуни зиндагии шахсӣ ва иҷтимоиро дар канори ҷараёнҳои сиёсӣ ба тасвир кашад.
Ёдовар мешавем, ки сериали «Парвона» ҳар шаб соати 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон, аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر